• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

БУРДИ ҒАЙРИЧАШМДОШТИ ДОНИШҶӮИ

ДОНИШГОҲ ДАР БОЗИИ “САФАРИ БУРДНОК”

5.JPG - 279.83 KbМақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо лоиҳаи  ”City Card“ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамчунин дар шакли пурра ба роҳ мондани пардохти ғайринақдии роҳкиро дар  нақлиётҳои ҷамъиятии шаҳри Душанбе бозии “Сафари бурднок”-ро  миёни шаҳрвандон ва сокинони пойтахт гузаронида буд ва ҳосили ҳамаи даврҳои ниҳоии он, ки дар зарфи чаҳор моҳ тӯл кашид, ҷамъбаст гардид. Қобили зикри хос аст, ки ғолиби озмуни он ба таври ғайричашмдошт донишҷӯи курси 3-юми факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ –Авезов Муллоназар интихоб гардид.

 
Хабарҳо

«ОИНАИ ДОНИШГОҲ» — ОИНАИ ТАЪРИХ ВА МЕРОСИ ДДОТ
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҷмуаи нав бо унвони «Оинаи донишгоҳ. (Муаррифномаи Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ)» ба табъ расид.
Маҷмуа соли 2026 бо сифати баланд ва ранга интишор ёфта, дар он фаъолияти Осорхонаи донишгоҳ ба таври фишурда ва муназзам ба се забон — тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ муаррифӣ шудааст.
 

 

ИСТИҚБОЛ АЗ ИСТИҚЛОЛ!

14.JPG - 117.42 KbИмрӯз, 06.09.2020 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ ба ифтихори рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Истиқбол аз Истиқлол” баргузор гардид. Нахуст, ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нуъмонҷон Усмонзода суханронӣ намуда, ҳайати профессорону устодон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳро бо фарорасии ҷашни умумимиллӣ – 30-солагии  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуда, барояшон саодатмандиву комгориҳои беназирро таманно намуд. Сипас, Давлатҷон Ғаффурзода – муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баромад намуд. Мавсуф доир ба дастовардҳои даврони истиқлолият сухан намуда, иброз дошт, ки ҳар як фарди Тоҷикистон бояд ифтихор аз он намояд, ки дар як ватани соҳибистиқлолу обод ва демокративу дунявӣ умр  ба сар мебарад.

 
Хабарҳо

Эксперт назвал заявление кыргызского чиновника некомпетентным.

 
Хабарҳо

МУЛОҚОТИ КОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ: «ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА ҲИФЗИ МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ»
Имрӯз, 10 феврали соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи корӣ дар доираи баргузории мулоқоту вохӯриҳо бо усули «факултет ба факултет» ва «курс ба курс» таҳти унвони «Ҷавонон, Паём ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ» баргузор гардид.
 


Страница 70 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj