|
ҲАМОИШ БАХШИДА БА МУАРРИФИИ КИТОБИ
“ОФТОБИ ТАРБИЯТ”
4 сентябри соли 2021 дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ бо иштироки як зумра олимон, устодони варзидаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ва рӯзноманигорон муаррифии китоби “Офтоби тарбият”, ки ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мураттаб гардидааст, баргузор гардид.
Садри ин ҷамъомади муаррификунанда мудири кафедраи методикаи таълими забони тоҷикии факултети филологияи тоҷик, д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои ин китоб ошно намуд. Сипас муаллифони мақолаҳо ва мураттибони ин китоб доир ба хусусияти вожаи “тарбия” анешарониҳо намуданд. Маврид ба зикр аст, ки муаррифии ин китоб ба “Рӯзи китоб”, ки ҳамасола 4-уми сентябр дар Ҷумҳури Тоҷикистон таҷлил мегардад, рост омадааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ЭЪТИРОФИ ҶАҲОНӢ: ДДОТ АЗ СОЛИ 2024 ТО СОЛИ 2029 СОҲИБИ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРОИ 89 ИХТИСОС МЕБОШАД
 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо як дастоварди воқеан муҳиму таърихӣ мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшидааст. Донишгоҳ дар соли 2024 аз ҷониби Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти Созмони ҳамкории Шанхай (ШОС) ба аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ сарфароз гардид.
Тибқи сертификати расмӣ, ин аккредитатсия барои муҳлати 5 сол дода шуда, то соли 2029 амал мекунад. Қарори мазкур дар асоси санҷиш ва арзёбии ҳамаҷонибаи фаъолияти донишгоҳ аз ҷониби Маркази хизматрасонии мубодилаи илмии
|
|
|
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4
барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе
01.09.2021 11:00, шаҳри Душанбе
1 сентябр дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанберо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Муассисаи боҳашамати таълимӣ аз 9 бинои панҷ ва чорошёна иборат буда, ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ бунёд ёфтааст ва барои 2500 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст. Гимназия дорои 109 синфхонаи замонавӣ буда, барои таълиму тарбияи наврасону ҷавонон шароити заруриву мутобиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ҷиҳати омӯхтани фанҳои дақиқ таълимгоҳ дорои лабараторияҳои замонавии фаннӣ, синфхонаҳои алоҳидаи химия, биология, физика ва табиатшиносӣ буда, барои гузаронидани таҷрибаҳои гуногун дар синфҳо аёниятҳои зарурӣ васлу насб гардидааст.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия, бо омӯзгорону хонандагони муассисаи наву замонавӣ суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Гуфта шуд, ки таълиму тарбия дар Муассисаи давлатии таълимии "Гимназияи №4 барои хонандагони болаёқат”-и шаҳри Душанбе мутобиқ ба стандартҳои байналмилалии таълимӣ ба роҳ монда шуда, барои тарбияи дурусти хонандагон аз усулҳои муосиру аёниятҳои замонавӣ ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Аз ҷумла, тамоми синфхонаҳои таълимӣ бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз карда шудааст.
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ ҚИСМИ ТАРБИЯ: ҶАШНҲОИ ДАРПЕШИСТОДА ДАР МЕҲВАРИ ТАВАҶҶУҲ
Дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи навбатии қисми тарбия бо иштироки муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ баргузор шуд.
Ҳадафи асосии ҷаласа андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои тарбиявӣ, риояи дастурамали сару либос, қоидаҳои дохилимуассисавӣ ва будубош дар хобгоҳҳо, таҳкими тозагӣ-санитарӣ, инчунин
|
|
|
|
|
|
|
Страница 73 из 654 |