|
Дилшод Ниёзов ғолиби маҳфил-озмуни ҷумҳуриявии «Нақши китоби
«Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2021 /АМИТ «Ховар»/. 20 августи соли равон дар толори асосии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Нақши китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» бо иштироки доираи васеи олимону донишмандон ва коршиносон баргузор гардид.
Конференсия ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба аз иқдоми беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи мамлакат доир карда шуд.
Қабл аз оғози чорабинӣ роҳбарияти ҲХДТ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва иштирокчиёни маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ аз оромгоҳи академик Бобоҷон Ғафуров воқеъ дар маҳаллаи Лучоби шаҳри Душанбе боздид намуданд.
Кори конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ бо сухани ифтитоҳии Муовини якуми Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ оғоз гардид. Гуфта шуд, ки арзиши илмии ин асари бунёдӣ бениҳоят бузург аст ва Бобоҷон Ғафуров бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои таърихи рангини миллатамон ошно кард. Чопи ин шоҳасар ва дастраси тамоми мардуми кишвар гардонидани он ба густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеаи мо ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.
— Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намуда буданд, ки мо миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаамон ҳарчи бештар рӯ оварем ва дар қалби фарзандонамон меҳри китобхонӣ ва ҷустуҷӯи илму донишро ҷой кунем. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои мо дар замони муосир ба ҳисоб меравад, — таъкид намуд А.Азизӣ.
|