|
Самиев Б.Ҷ. – доктори илмҳои фалсафа, профессор
ОМӮЗГОР - ШАХСИЯТИ КАЛИДИИ НИЗОМИ
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Имрӯз низ омӯзгор дар давраи Истиқлолият, таҳким ва ташаккули давлатдории миллӣ аз шахсияти калидии раванди низоми таълиму тарбия дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккул, возеҳ кардани ҷаҳонбинӣ, баланд бардоштани маҳорату малакаи омӯзгорӣ, салоҳиятнокии касбии донишҷӯ нисбати ихтисоси интихобкарда, нақши стратегӣ дорад.
Табиист, ки ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷомеа, хусусан дар низоми таҳсилот ба вуқуъ мепайванданд ва ҳар инқилобҳои илмие, ки рух медиҳанд ба рӯҳия ва маҳорати омӯзгор, хусусан омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки дар баробари иҷрои сарбории таълимӣ, ба пажӯҳиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ пардохта, вобаста ба равияи худ ба дастовардҳои илмӣ муваффақ мегардад, бетаъсир намемонад. Аз ин рӯ, вазъи кунунии соҳаи маориф таҳияи сохтори нави тайёрии махсуси психологӣ ва педагогиро ҳам барои омӯзгорони ояндаи донишгоҳҳо ва ҳам барои омӯзгороне, ки ба фаъолият машғул мебошанд, тақозо мекунад. Аммо ворид шудан ба фазои нави таҳсилот, татбиқи низоми кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низоми анъанавии тарбияи муаллимони ояндаро нокомил гардонида, афзалиятнокиашро аз даст дод. Аз ин ҷиҳат, имрӯз ба шахсияти омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардан, бесабаб нест, чунки «шахсият тавлид намешавад, балки шахсиятро тарбия мекунанд».[1]
|
|
Хабарҳо
|
|
НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН ДАР МОСКВА ИШТИРОК НАМУД
 6-уми феврали соли 2026 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия марафони байналмилалии «Россия – кишвари оилаҳо» баргузор гардид, ки дар он ҳайати ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.
Аз ҷониби Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сардори шуъбаи тарбияи донишгоҳ Каримов Давлатшо дар ин чорабинии сатҳи баланд иштирок кард.
Ҷалби ҷавонони ҷумҳурӣ барои иштирок дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд.
|
|
|
Самиев Б.Ҷ., Ойматов Б. - омӯзгорони
ДДОТ ба номи С.Айнӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НАҚШИ ОН ДАР
ТАШАККУЛ ВА ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
Дар ҳар як марҳилаи таърихии тақдирсози халқи тоҷик, сиёсатмадорону мутафаккирон барои бақои миллат, маърифатноку худогоҳ кардани аҳолӣ, дар зеҳну тафаккурашон инъикос кардани ифтихори ватандорӣ, ваҳдат, ҳисси миллӣ ва меҳру муҳаббатро нисбати ҳамдигар барқарор доштан пайваста таргибу ташвиқ намудаанд. Яъне аз як тараф барои худогоҳ ва худшинос гаштани мардум омилҳои асосиро нишон дода, аз тарафи дигар саъй медоштанд, ки бо асарҳои гаронбаҳои таълифдошта арзиш ва анъанаҳои миллиро зинда доранд. То ин ки насли баъдина ифтихор аз нобиғаҳо ва аз анъанаву арзишҳои миллӣ карда, дар вуҷуди худ ҳисси ватандориро бедор намоянд, ҳикматҳои онҳоро сарманшаи такмили маърифатнокӣ ва рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеъа созанд.
Бахусус, баъди сарнагун гаштани давлати Сомониён тӯли қариб ҳазор сол, ки халқи тоҷик зери зулм ва таъкибҳои қабилаҳои саҳроии турк ранҷу машаққат кашид, маҳз забони ноб ва осори бо он навиштаи бузургонаш нагузошт, ки номи худро аз саҳифаи таърих рабуда созад. Аз ин лиҳоз чун дигар марҳилоти таърихӣ дар асри XIX ва ибтидои қарни XX низ рӯшанбинон ва мутафаккирони тоҷик кӯшида, ки бо вуҷуди ҳама гуна носомониҳо, беадолатиҳо, хиёнатҳо халқи худ ва таърихи пурарзишашонро ҳимоя намоянд. Баробари ин тамоюлгириҳои асосии расидан ба истиқлолияти миллиро ба халқи кишвар нишон диҳанд. Вале саҳифаи таърихи ин марҳилаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди ҷаҳду талошҳо ва ҷоннисориҳо эшон натавонистанд зимоми давлатдориро ба ихтиёри худ гирифта, соҳиби давлати миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ гарданд.
|
|