|
Самиев Б.Ҷ.- профессори кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ
Қурбонов У. – ассистенти кафедраи фалсафаи фарҳанг
Бкрдиёрова Г. – унвонҷӯи кафедраи фалсафа
МАКТАБИ ТАҲАММУЛГАРОИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪМИНГАРИ
ПРИНСИПҲОИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ
Барои инсон умри 30-сола чандон умри тӯлонӣ нест, вале метавонад дар ин син ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, номи худро дар саҳифаи таърих мондагор кунад. Агар аз хурдсолӣ ба омӯзиш, сайқал додани дониши худ, мутолеаи мудаввом, андӯхтани таҷрибаҳои дигарон ва ғайра машғул гардад. Акси ҳол умри худро зоеъ гардонида, танҳо аз мавҷудияташ дарак медиҳад. Давлат низ мисли инсон аст. Агар пояҳои он устувор бошанд, умри тӯлонӣ мебинад, акси ҳол аз ноустувории як поя метавонад рӯ ба таназзул ниҳад.
Давлат ҳимоякунандаи манфатҳои миллӣ, идоракунандаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, таъмингари амнияту субот дар ҳар як кишвар аст. Пас, агар давлат ҳамаи ҳуқуқ ва имкониятҳои худро барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, рушди сармояи инсонӣ, таъмини ҳаёти арзанда равона кунад, риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон харкатери иҷтимоӣ касб мекунад. Аз мазмуни мафҳуми «иҷтимоӣ» ибораҳои «сиёсати иҷтимоӣ», «алоқаҳои иҷтимоӣ», «давлати иҷтимоӣ» ва ғайра ташаккул меёбанд. Бинобар ин, аз фаҳмиши илмӣ давлати иҷтимоӣ - тартиби ташкили ҳамкориҳои иҷтимоии ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, баробарии тарафҳоро тавсиф менамояд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «ТАНГОИ ҶИНОЯТӢ»
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Тангои ҷиноятӣ»-ро манзури аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ гардониданд.
Намоишномаи мазкур таҳти коргардонии Ватандор Шеров аз рӯи асари Эган Ранет рӯйи саҳна оварда шуда, бо тарзи ҷолиби таҳияи саҳнавӣ ва иҷрои касбии ҳунармандон таваҷҷуҳи тамошобинонро ба худ ҷалб намуд.
|
|
Ғаффорӣ Н. - Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,
доктори илмҳои таърих, профессор
ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН
ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ
Саҳифаи таърихи тамаддуни башарӣ рӯшанӣ медиҳад, ки корнамоиҳо, мардонагиву далерӣ, ватанпарастӣ, шуҷоату футувват хоси гузаштагони покнажоди мо буда, шаҳодати он муборизаҳои озодихоҳона ва сарбаландиву комёр будани онҳо бо аҷнабиён мебошад, ки мо дар симои Спитамен, Деваштич, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон дида метавонем. Сабақҳои дигари таърихӣ низ моро аз бурду бохти давлату давлатдорӣ, пайванду ҳамгироӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарбахшӣ, мухолифату баҳамоӣ ёдовар месозанд, ки онҳоро омӯхтану дар раванди минбаъдаи рушди ҷомеаву ташаккули наслҳои оянда истифода намудан ба манфиат хоҳад буд. Зеро дар раванди таърих барои ҳар як халқу миллат шахсиятҳое, ки ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мешаванд, метавонанд ҳаёти хушбахтонаву босаодати мардумро таъмин намоянд. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна ворид гардидан ва минбаъд чун пешво эҳтиром пайдо кардани онҳо дар байни мардум ба ин шахсиятҳо воқеаву ҳодисоти таърихӣ мусоидат мекунанд. Бахусус, онҳоро водор менамоянд, ки тавассути дараҷаи хирад, тафаккур, шуҷоат ва иродаи сиёсии худ раванди инкишофи ҷомеаро таъмин намоянд.
|
|