|
Қудратзода К.А.
н.и.т., дотсент, муовини сардори раёсати илм ва
инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ
НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТ ДАР
ТАШАККУЛ, ШИНОХТ ВА РУШДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ
Имрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд.
Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои ташаккул, шинохт ва рушди андешаи миллӣ ба вуҷуд овард. Мафҳуми «истиқлолият-соҳибихтиёрӣ» меҳвари консепсияи ғояи миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрӣ яке аз омилҳои муҳими тавлидкунандаи худшиносӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқу густариш додани ғояи миллӣ мусоидат мекунад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин баён доштаанд: «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».
|