• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ҒОЛБИЯТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Хонандаи Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Парвиз Файзуллоев дар Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷоми роҳбарияти Донишгоҳи Россияву Тоҷикистон (Славянӣ)» аз рӯи 10 фанни таълимӣ миёни хатмкунандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, аз минтақаи шаҳри Душанбе сазовори ҷойи дуюм гардид.
Озмуни мазкур бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон баргузор шуда, ҳадафи он дарёфт ва дастгирии хонандагони болаёқат, таҳкими робитаи мактаб ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба муҳити илмӣ-таълимӣ мебошад.
 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=I5sf6C6bU24&feature=youtu.be

 
Хабарҳо

ДУШАНБЕ, 23.09.2019. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, имрӯзҳо дар шаҳри Варшава Конфронси солонаи САҲА оид ба ҳуқуқи башар ҷараён дорад. Аз ду ҳафта як ҳафтаи он гузашт. Ҳарчанд  то натиҷагирӣ ҳанӯз дур аст, аммо аз ин ҳафт рӯз ҳафт нуктаи муҳимро яке аз  аъзои ҳайати расмии Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло РАҲНАМО ёддошт намудааст, ки онҳоро  пешкаши хонандагон мегардонем.

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 02.02.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

Мирзошоҳрух Асрорӣ- номзади илмҳои фалсафа

Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгорони кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ


СОЗМОНИ МУЪТАБАР ВА СОБИТГАРИ СИЁСАТИ БОЭЪТИМОД

( Бахшида ба ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад)

Созмони Ҳамкории Шанхай – ташкилоти доимоамалкунандаи байнидавлативу байналмилалӣ мебошад.Ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар заминаи паймони «Панҷгонаи Шанхай» 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Паймони «Панҷгонаи Шанхай» бошад дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, ба масъалаҳои умдаву ҷиддии ҳаёти рӯзмарраи мардумони ин давлатҳо мусоидат менамояд.

Аслан зарурати имзои Созишномаи таҳкиму эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин ва Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои нуқта гузоштан ба баҳсҳои мухталиф оид ба масъалаҳои марбут ба марзҳо, ки ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун «мерос» вуҷуд дошт, ба миён омада буд. Ба имзо расидани созишномаҳои зикршуда ба густаришу тавсеаи ҳамшарикии давлатҳо асоси мустаҳкам гузошта, ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳадӣ муваффақ гардид ва барои дар доираи Панҷгонаи Шанхай ҳамкориҳои пурвусъати гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро ба роҳ мондан имконият фароҳам овард.

 


Страница 82 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj