• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУБРАМИ ДОНИШГОҲ ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШУРОИ ИЛМӢ–МЕТОДӢ
Ҷаласаи навбатии Шурои илмӣ-методии донишгоҳ, ки 30.01.2026 таҳтироҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. доир шуд, чор масъала мавриди баррасӣ қарор дод. Сараввал оид ба «Баррасии раванди таълифи рисолаҳои илмӣ” (унвонҷӯён ва докторантон аз рӯи ихтисоси PhD) муълумотномаи роҳбари гурӯҳи корӣ, мудири шуъбаи омоданамоии мутахассисони илмӣ ва илмию омӯзгорӣ Ахиева Саодат шунида шуд. Номбурда иброз дошт, ки дар 63 кафедра ва 14 факултет 280 унвонҷӯ ба таълифи рисолаҳои илмӣ машғуланд, ки тақрибан 18-20%-и
 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=GfbSmjX6xVo&feature=youtu.be

 

 

Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгори кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод

дар минтақа ва ҷаҳон

Созмони Ҳамкории Шанхай омехтаи шарикии минтақавии байнидавлатӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 бо мақсади ҳифз ва таъмини амнияту суботи минтақа таъсис ёфта, ҳамкории гуногунҷанбаи худро то имрӯз тадриҷан рушд медиҳад. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои асосии Созмон тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002) инҳоянд:

- таҳкими  равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв;

- густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхалқии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул;

- муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳочирати ғайриқонунӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молияви ва гайра, ки боиси тавваччухи умум хастанд.

 
Хабарҳо

ҶАМЪБАСТИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС БАРОИ ОМӮЗГОРОНИ ЗАБОНИ РУСӢ
Дар доираи татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати омӯзиш ва рушди забонҳои хориҷӣ, бо супориши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода барои омӯзгорони факултети забон ва адабиёти рус курси такмили ихтисос баргузор гардид.
Курси мазкур дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Адабиёти ҷаҳон ва методикаи таълими забони русӣ дар ҷаҳони муосири технологияҳои инноватсионӣ», ки 28 январи соли ҷорӣ баргузор шуд, ташкил гардида, рӯзҳои 29–30 январ семинари методӣ-омӯзишӣ идома ёфт.
 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=5LUPpIep42g&feature=youtu.be

 


Страница 83 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj