|
Хабарҳо
|
|
ОҒОЗИ РАСМИЁТИ БАҚАЙДГИРИИ ДОНИШГОҲ ДАР SCOPUS ELSEVIER
29 январи соли 2026 воҳиди масъули Institutional Correction Team-и Scopus-Elsevier ба донишгоҳ хабарномаи расмӣ ирсол намуд. Тибқи он, раванди бақайдгирии донишгоҳ ҳамчун муассисаи илмӣ дар низоми Scopus-Elsevier расман оғоз гардида, айни замон дар марҳилаи баррасии маъмурӣ қарор дорад.
Қарор аст дар давоми чор ҳафтаи ояндаи корӣ ҳамаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод шаванд. Дар ҳамин марҳила масъалаи бақайдгирӣ баррасӣ мегардад, аммо раванд ҳанӯз ба таври ниҳоӣ анҷом наёфтааст.
Ин иқдом барои олимон ва муҳаққиқон имконият фароҳам меорад, ки мансубияти институтионалии худро дар мақолаҳои илмӣ ба таври дуруст нишон диҳанд, натиҷаҳои таҳқиқоти худро дар маҷаллаҳои байналмилалӣ нашр намоянд ва нишондиҳандаҳои иқтибосшавӣ ва намоёнии илмии худро баланд бардоранд. Ҳамзамон, ин раванд ба болоравии эътибори илмии донишгоҳ ва муаррифии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Раёсати донишгоҳ ҳамзамон тадбирҳо меандешад, то маҷаллаҳои илмии муассиса мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ омода гардида, дар оянда барои шомил шудан ба рӯйхати маҷаллаҳои тақризшавандаи Scopus-Elsevier пешниҳод карда шаванд.
(Хабар мукаммал мегардад)
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОК ВА ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БЕҲТАРИН ДАР СОҲАИ МАОРИФ»
 Омӯзгори факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Хидиров Ғолибҷон дар озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва педагогӣ таҳти унвони «Беҳтарин дар соҳаи маориф» иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси илмӣ-педагогии худ сазовори Дипломи дараҷаи I гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Натиҷаҳои озмун дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъбаст ва эълон гардиданд.
|
|
|
ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АЗ СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ!

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июли соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода маҷлиси ғайринавбатии раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳозиринро бо дастуру супоришҳои навбатии вазири маориф, ки субҳи ҳамин рӯз дар донишгоҳ баргузор шуда буд, шинос намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 84 из 654 |