|
ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ
ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
24-уми июли соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Хушбахт Шарифзода-сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19, инчунин, ҷалби донишҷӯёну кормандон ва сокинони пойтахт ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
«ФАРҲАНГИ ҲАМГУНҲОИ ШЕВАИ ҶАНУБИИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ»
 Бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гирдоварӣ ва омӯзиши калимаю истилоҳоти шеваҳои забони тоҷикӣ китоби нави илмӣ-таҳқиқотӣ таҳти унвони «Фарҳанги ҳамгунҳои шеваи ҷанубии забони тоҷикӣ» аз ҷониби муҳаққиқон С. Раҳматуллозода ва Р. Холназариён таҳия ва ба нашр расид.
Дар суханрониҳо ва санадҳои меъёрӣ, аз ҷумла «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020–2030» ба масъалаи омӯзиш ва ҳифзи ганҷинаи луғавии шеваҳои тоҷикӣ аҳаммияти махсус дода шудааст. Дар ҳамин замина таҳияи фарҳанги мазкур иқдоми муҳим дар роҳи омӯзиши лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ арзёбӣ мегардад.
Фарҳанги номбурда беш аз 2300 калимаи ҳамгуни шеваи ҷанубии забони тоҷикиро дар бар гирифта, барои забоншиносон, омӯзгорон, донишҷӯён ва кулли ҳаводорони забон манбаи арзишманди илмӣ ба ҳисоб меравад. Муаллифон дар сарсухани китоб таъкид намудаанд, ки гарчанде то имрӯз доир ба шеваҳои забони тоҷикӣ асару мақолаҳои зиёд ба табъ расидаанд, омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳо ҳанӯз анҷом наёфта, таҳқиқоти навро талаб мекунад.
|
|
ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ
ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ “МАРЗ - 2021”
Соати 04:00 субҳи 22-уми июли соли 2021 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади санҷиши омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар 100 ҳазор нафар сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар доираи конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Адабиёти ҷаҳон ва методикаи таълими забони русӣ дар ҷаҳони муосири технологияҳои инноватсионӣ» намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии Шветсия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон аз осорхонаи Донишгоҳ дидан намуданд.
Зимни сайри осорхонавӣ ба меҳмонон оид ба таъриху фарҳанги миллати тоҷик, табиати Тоҷикистон, инчунин марҳилаҳои рушд ва дастовардҳои Донишгоҳ аз рӯзҳои таъсисёбӣ то имрӯз маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ба ин восита, меҳмонон бо нигораҳо, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дастовардҳои илмию таълимии муассиса аз наздик шинос шуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 85 из 654 |