• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu


НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ С. АЙНӢ:

ДОНИШГОҲ 90-СОЛА МЕШАВАД

9.jpg - 28.15 Kb

Рӯзи 12 июли соли 2021 дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки намояндагони васоити ахбори оммаи кишвар нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳамаи ҳозиринро ба  ин боргоҳи илму маърифат хушомадед намуда, доир ба дастовардҳои назарраси устодону донишҷӯёни донишгоҳ дар самти илм, таълим, тарбия, робитаҳои байналмиллалӣ ва қисмати хоҷагидорӣ фаъолияти донишгоҳро баррасӣ намуда, аз натиҷаи он ҳозиринро ошно намуд. Зимни суханронии худ сарвари донишгоҳ қайд намуд, ки барои сазовор таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии донишгоҳ ҳамаҷониба омода буда, ба ҳамин муносибат корҳои сохтмонӣ дар бинои нави таълимӣ ва фарҳангӣ  хуб ҷараён дорад.

 
Хабарҳо

НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: «АРӮСИ ҶАНГАРА» (Ё ЭКСТРАСЕНС)
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри давлатии «Ҷавонон» ба номи Маҳмудҷон Воҳидов намоишномаи театрии «Арӯси ҷанагара» (ё экстрасенс)-ро пешниҳоди аҳли раёсат, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳ гардониданд.
Намоишнома дар таҳияи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Мирзоев рӯйи саҳна оварда шуда, дар он масоили муҳими иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва равонӣ бо забони ҳаҷвӣ ва таъсирбахш инъикос гардиданд.
 
Хабарҳо

ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ – 2026: САФАРБАРШАВИИ 15 НАФАР ДОНИШҶӮ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ХОРИҶӢ
Дар доираи татбиқи сиёсати байналмилалии таҳсилот ва густариши ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ 15 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи барномаи табодули академӣ барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ сафарбар гардиданд. Ин иқдом бар асоси натиҷаҳои Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва созишномаҳои амалкунандаи байнидонишгоҳӣ роҳандозӣ шудааст.
 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=18ljR5FuWJA&feature=youtu.be

 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=7scMbnb7Rxk

 


Страница 88 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj