|
Оғози сафари расмии Президенти Ҷумҳурии
Қирғизистон Садир Жапаров дар Тоҷикистон
29.06.2021 09:30, шаҳри Душанбе
28 июн Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
29 июн маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмон идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаровро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
ДОНИШҶӮЁНИ МО АЗ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДИДАН КАРДАНД

27-28 июни соли 2021 дар “Маҷмааи варзиши обӣ”–и шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии шиноварӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар мусобиқаи варзишии мазкур варзишгарон аз Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Афғонистон ширкат варзиданд. Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа Президенти Федератсияи миллии шиноварии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва дигар шахсони расмӣ ширкат доштанд. Дар маросими ҷамъбастии ин мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ ба ҳайси тамошобин гурӯҳи ҷавонони “Авангард”–и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳайати 60 нафар таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода низ иштирок доштанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
САФАРИ ОМӮЗИШӢ БА КЕМБРИҶ
 Аз 26 то 30 январи соли 2026 муовини ректор оид ба таълим Айнулозода Наҳтулло Айнуло ҳамчун намояндаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар барномаи байналмилалии «Accelerating English Language Learning in Central Asia – PRESETT Leadership Development (AELLCA Phase II)» иштирок менамояд.
Дар ин барнома намояндагони донишгоҳҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Тоҷикистон ширкат доранд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 89 из 654 |