|
|
|
ЗӮРИ МУШТ АЗ ВАҲДАТИ АНГУШТҲО ОЯД БА КАФ...

25 июни соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 24-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо, роҳбарони зерсохторҳову омӯзгорон ва ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ ҳозиринро бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният намуда, дар пойдории сулҳу суботи тоҷикон нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин санади тақдирсози мубраму бориз неку беназир арзёбӣ намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Рӯзи 26.01.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
НИШАСТИ МАТБУОТӢ: ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2025
Имрӯз, 26 январи соли 2026, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти донишгоҳ дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар нишаст ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода натиҷаҳои асосии фаъолияти илмӣ, таълимӣ, байналмилалии донишгоҳро ба намояндагони воситаҳои ахбори омма муаррифӣ намуд.
Қайд гардид, ки соли 2025 барои донишгоҳ соли дастовардҳо ва комёбиҳои назаррас ба ҳисоб меравад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 90 из 654 |