• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ТАРҒИБИ ПЕШГИРИИ ҶИНОЯТКОРИИ НОБОЛИҒОНУ ҶАВОНОН

Дар таърихи 20-уми октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ намояндагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо устодону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур мулоқот барпо намуданд. Дар он мушовири вазири корҳои дохилӣ Омина Табарова, муовини роҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилӣ, полковник Умарҷон Эмомалӣ, сардори шӯъбаи огоҳии ҷавонону ноболиғон Комрон Ҳусейнов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ Нигора Назарзода ва як зумра устодону донишҷӯён иштирок карданд. Дар ибтидо Нигора Назарзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ карда, ҳадафи баргузории ин мулоқотро ба ҳозирин шарҳ дод.

 
ҲАМКОРӢ: ТАШРИФИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ БОШҚИРДИСТОН БА ДОНИШГОҲ
Возможно, это изображение 5 человек и текст «ии точикистон хнзода 33E0»
15-уми апрели соли равон раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳайати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Бошқирдистон ба номи М. Акмулаи Федератсияи Руссияро бо роҳбарии ректори ин муассиса С.Т. Сагитов ва муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Р.З. Юлбоев ба ҳузур пазируфт.
 
Cоли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”

МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ДОНИШҶӮ (бахшида ба соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”)

Тоҷикистон давлатест, ки бар пояи ҳуқуқ бунёд гардида, дар назди донишҷӯён вазифаҳои нав мегузорад, ки онҳо бояд дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошанд. Мақом ва нақши ҳуқуқ дар ҳаёти донишҷӯи муосир беш аз пеш муҳим мегардад. Донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ, инчунин меъёрҳои ҳуқуқӣ ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки на танҳо дар бораи як хатти рафтори меъёрӣ қарор қабул кунанд, бо институтҳои ҷомеаи муосир самараноктар ҳамкорӣ кунед, балки инчунин худро аз амалҳои ғайриқонунии дигарон муҳофизат намоянд.

 
Хабарҳо

ДАР ДОНИШГОҲ МАСЪАЛАИ ТАҚСИМОТИ ПЕШАКИИ МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН БАРРАСӢ ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ масъалаи таъминоти кадрии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҳисоби хатмкунандагони соли таҳсили 2025–2026 ва тақсимоти пешакии мутахассисони ҷавон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
 
Хабарҳо

ҲАМКОРИҲО БО САФОРАТИ ФАРОНСА ГУСТАРИШ МЕЁБАНД

Ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар таърихи 20-уми октябри соли 2022 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро намояндаи бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе ва ёвари ӯ Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Фаррух Худойдодзода пазироӣ намуданд.

 


Страница 10 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj