• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

БОЗ ЯК ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ

20.JPG - 205.94 KbРӯзи 17-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ даври ноҳиявии маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров андар шинохти асолати миллӣ”  байни донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва инчунин хонандагони муассисаҳои миёнаи умумӣ ҷамъбаст гардид. Мавриди зикри хос аст, ки маҳфил-озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвонӣ болозикр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ баҳшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати дастгирии ҳамаҷониба в-аз ҷумла, аз иқдоми ҳадяи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба ҳар як оилаи мамлакат аз ҷониби Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъгиранда буд. Боиси ифтихор аст, ки дар маҳфил-озмуни мазкур донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд ва дар ҷамъбаст донишҷӯи курси дуюми факултети таърих Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи аввал ва бо дипломи Кумита сарфароз гардонида шуд.

 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=q-OFxWDgOsg&feature=youtu.be

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҚИСМИ ИЛМИ ДОНИШГОҲ

Ҷаласаи навбатии қисми илми донишгоҳ, ки 23.01.2026 таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. доир шуд, ду масъаларо мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дод.
Роҷеъ ба “Таҳлили вазъи таҳия, тасдиқ ва пешниҳоди мавзуъҳои илмӣ- фармоишии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ба Шурои ҳамоҳангсозии АМИТ» директори Маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон профессор С. Хоҷазод гузориш дод. Номбурда иброз дошт, ки мутобиқи дастури ректори Донишгоҳ бояд ҳамаи кафедраҳои факултетҳо вобаста ба самти ихтисос лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии худро таҳия намуда, ба Шурои ҳамоҳангсозии лоиҳаҳои илмӣ-
 

 

ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНА ДАР РИШТАИ ИЛМИ КИМИЁ

 

2.JPG - 177.82 Kb

17 июни соли 2021 дар ҷаласаи Шӯрои дисертатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҳимояи муваффақонаи унвонҷӯ Ҳошимҷон Иброҳимов дар мавзӯи “Методикаи ташаккули салоҳияти хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути ҳалли масъалаҳои химиявӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯи ихтисоси 13.00.02 - Назария ва методикаи таълим ва тарбия (химия) сурат гирифт. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳошимҷон Иброҳимов яке аз омӯзгорони варзидаи кишвар дар риштаи илми кимиё ба ҳисоб рафта, дорои мактаби хусусии хеш мебошад.

 
Хабарҳо

https://www.youtube.com/watch?v=1Y-paY3ZcCU

 


Страница 91 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj