|
Хабарҳо
|
|
ВАРАҚАИ ИТТИЛООТӢ
ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ ДАР СОЛИ 2025
Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории кишвар ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии соҳаи маориф, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои таълим, илм ва тарбия фаъолияти самаранок анҷом медиҳад.
|
|
|
ИДОМАИ ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ ИЛМ
Санаи 15-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи шашмоҳаи раёсати илм ва инноватсия бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир, сардори раёсати илм ва инноватсия н.и.с., дотсент Ҳаким Раҷаб, аъзоёни ин раёсат, деканони факултетҳо, ҷонишинони онҳо оид ба илм ва инчунин мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳии равияи илмҳои гуманитарӣ ҷамъбаст гардид. Ҳисоботдиҳандагон фаъолияти шашмоҳаи устодону кормандони кафедраву факултетҳои худро ба ҳисоб гирифта,
|
|
ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ШАШМОҲАИ ИЛМ
Рӯзи 14-уми июни соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ҳисоботи шашмоҳаи раёсати илм ва инноватсия бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б., профессор Мирзораҳимов Акобир, аъзои раёсати илм ва инноватсия, деканони факултетҳо, ҷонишинони деканҳо оид ба илм ва инчунин мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳии равияи табиӣ ва риёзӣ ҷамъбаст гардид. Нахуст муовини ректор оид ба корҳои илмӣ дастовардҳои назарраси донишгоҳро дар шаш моҳи охир хуб арзёбӣ намуда, пеш аз ҳама, дастгирӣ ва фароҳамоварии шароити хуби фазои илмии донишгоҳро дар самти мазкур яке аз ғамхориҳои самимонаи роҳбарияти донишгоҳ арзёбӣ намуд. Инчунин афзуд, ки заҳмати омӯзгорон ҷиҳати бадастоварии ин дастовардҳои хеле назааррас мебошад. Сипас муовинони декан оид ба илм ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳисоботи шашмоҳаи худро бо призинтатсия манзури ҳозирин намуданд. Дар ҷамъбаст ҳисоботи факултети химия яке аз беҳтарин ҳисоботҳои ҷаласа дониста шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
 Ба таваҷҷуҳи донишҷӯён расонида мешавад, ки аз рӯзи 26 январи соли 2026 дарсҳои донишҷӯёне, ки дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, тибқи ҷадвали тасдиқгардида оғоз мегарданд.
Дар робита ба ин, аз донишҷӯён хоҳиш карда мешавад, ки сари вақт дар машғулиятҳо ҳозир шаванд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 92 из 654 |