|
|
|
Истиқболи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев
дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе
10.06.2021 10:40, шаҳри Душанбе
10 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом - Сарвари давлати дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо аксҳои Сарони давлатҳо, шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Ӯзбекистон идона ороста шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ТОЗА НАМУДАНИ РОҲРАВУ ДАРАХТОН АЗ БАРФ
 Бо иштироки кормандон ва омӯзгороне, ки навбатдории шабонаро ба уҳда доштанд, корҳои тоза намудани саҳн ва роҳравҳои дохилӣ ва берунии донишгоҳ аз барф анҷом дода шуданд. Ҳамзамон дарахтони ҳудуди донишгоҳ бо мақсади пешгирӣ аз шикастан ва осеб дидан аз барф поксозӣ гардиданд.
|
|
БОЗДИД АЗ РАФТИ СОХТМОНИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ
9 июни соли 2021 раиси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Рамазон Сафар ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварда, ҳамроҳи ректори донишгоҳ, профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода аз рафти корҳои сохтмонии иншооти ҷашнии донишгоҳ ҷиҳати истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90–солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи С.Айнӣ боздид намуд. Маврид ба зикр аст, ки бинои нави таълимии бунёдшаванда аз панҷ ошёна ва таҳхона барои ошхонаи умумӣ иборат буда, дар шафати он толори нави фарҳангӣ бо 570 ҷойи нишаст бунёд шуда истодааст. Дар ҳоли ҳозир, рангуборкунӣ, насби дару тирезаҳо ва дигар корҳои сохтмонӣ идома ёфта истодааст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 93 из 654 |