• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ИШТИРОК ВА ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «БЕҲТАРИН ДАР СОҲАИ МАОРИФ»
Декани факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Раҳматулло Рауфов Негматович дар озмуни байналмилалии тадқиқотӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва педагогӣ таҳти унвони «Беҳтарин дар соҳаи маориф» иштирок намуда, бо дастовардҳои назарраси илмӣ-педагогии худ сазовори Дипломи дараҷаи I гардид.
Озмуни мазкур аз ҷониби Маркази байналмилалии тадқиқотии «Endless Light in Science» баргузор шуда, дар он намояндагони муассисаҳои илмӣ ва таълимии як қатор кишварҳо иштирок намуданд. Натиҷаҳои озмун дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷамъбаст ва эълон гардиданд.
Зимни ҷамъбасти озмун, Раҳматулло Рауфов Негматович ҳамчунин бо нишони фахрӣ ва медали озмун қадрдонӣ шуда, саҳми ӯ дар рушди илм ва маориф баҳои баланд гирифт.
 
Хабарҳо

 

https://www.youtube.com/watch?v=69sU5WrxLic&feature=youtu.be

 
Хабарҳо

АЗ БАРФ ТОЗА КАРДАНИ РОҲРАВУ ДАРАХТОНИ ДОНИШГОҲ ВА АТРОФИ ОН
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳаракат ва таъмини бехатарии донишҷӯён, устодону кормандон, инчунин нигоҳдории муҳити зист, дар ҳудуди Донишгоҳ корҳои тозаю озода намудани роҳравҳо ва гирду атрофи дарахтон аз барф ба роҳ монда шуд.
Дар рафти ин иқдом роҳравҳои асосӣ, саҳни биноҳо ва дарахтони сабз аз барф поксозӣ гардида, ба тоза нигоҳ доштани муҳити таълимӣ ва ҳифзи дарахтон таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Ин чорабинӣ бо иштироки кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён анҷом ёфт.
Раёсати Донишгоҳ ҳамеша барои муҳайё намудани шароити мусоиди таҳсилу фаъолият ва ҳифзи муҳити зист тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.

 

 

РАЁСАТИ ТАЪЛИМ, ПИРӮЗӢ МУБОРАК БОД!

26.JPG - 243.00 KbШурӯъ аз 25-уми майи соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-салагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, инчунин барои сазовор пешвоз гирифтани “Рӯзи Ваҳдати миллӣ” мусобиқаи дӯстонаи волейбол байни омӯзгорон ва кормандони сохторҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаҳои волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, қисми хоҷагидорӣ, факултетҳои таърих, математика, химия, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, биология, география, таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дар даври аввал байни ҳам сабқат намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дастаҳои раёсати таълими донишгоҳ, факултети математика, факултети физика ва факултети таърих ба даври финалӣ роҳ ёфта, санаи 8-уми июни соли равон барои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм байни ҳам сабқат намуданд. Дар ҷамъбаст бо ҳисоби 3:2 ҷойи аввал насиби дастаи волейболбозони раёсати таълими донишгоҳ, ҷойи дуюм насиби дастаи факултети математика ва ҷойи сеюм насиби дастаи факултети физика гардид, ки ғолибон бо “Ифтихорнома”-ву Ҷоми ректори донишгоҳ қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин ба як қатор бозингарони беҳтарину доварон  аз ҷониби Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 
Хабарҳо

Выступление Самиева Камола на заседание ОБСЕ

 

В этот раз я выступаю, как бывший член террористической  партии исламского возрождения. Так как два года работал секретарём этой  террористический организации. Довожу до вашего, что будучи членом этой партии я понял и осознал негуманный цель этой партии.

 


Страница 94 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj