• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 19.01.2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 
Хабарҳо

Дар бораи Паймони миллӣ, ки Шумо савол кардед фикри ман ин аст, ки ман дар ин ҳаракат на паймонро мебинам на миллиро, зеро паймон ҳолатест дар сиёсат, ки гуруҳи ҳизбу ҳаракатҳои воқеӣ байни ҳам эътилоф мекунанд ва як неруи васеи фарогирро ба вуҷуд меоранд.

 
Хабарҳо

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ОИД БА ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ОМӮЗИШИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ
Рӯзи 16-уми январи соли равон дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Конференсия бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва татбиқи барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» доир шуд.
Чорабинии илмӣ таҳти унвонҳои «Тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба рушди гуногунии биологӣ» ва «Муносибати босалоҳият зимни омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ: воқеият ва имкониятҳо дар шароити татбиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ» баргузор гардид.
 

 

ПИРӮЗИИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР

ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

12.JPG - 274.30 KbСубҳи 31-уми майи соли 2021 дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аҳли раёсати донишгоҳ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявиро бо дастагулҳо ва шиору овезаҳо пешвоз гирифтанд. Сипас дар толори Шӯрои олимон ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо донишҷӯён ва устодони онҳо, ки дар олимпиадаи мазкур иштирок доштанд, вохӯрӣ доир намуд. Сараввал ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳайати дастаи олимпии донишгоҳро барои иштироки фаъолонаашон арзи сипос намуд. Маврид ба ёдоварист, ки санаи 28 ва 29 – уми майи соли равон дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз...” баргузор гардид. Дар ин олимпиада донишҷӯён аз рӯйи 14 фанни таълимӣ сабқат намуданд. Боиси хушнудист, ки дар олимпиадаи мазкур донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштанд. Аз ҷумла, донишҷӯи соли 2-юми факултети таърих Ниёзов Дилшод Маҳмадзарифович, донишҷӯи соли 4-уми факултети химия Ноибова Нигора Замировна, донишҷӯи соли 4-уми факултети биология Умаров Руҳулло Комилович, донишҷӯи соли 2-юми факултети география Садриддинов Озодбахт Муҳиддинович ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таҳсилоти томактабӣ ва ибтидоӣ Шайхова Нигина Пулодовна сазовори ҷойи аввал ва донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих Шарипов Искандар сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

“ТАТБИҚИ АЛГЕБРА ВА НАЗАРИЯИ АДАДҲО ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МУОСИР”

1.JPG - 339.80 KbРӯзи 29-уми майи соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои факултети математика конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Татбиқи алгебра ва назарияи ададҳо дар ҳалли масъалаҳои муосир” бахшида ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020 - 2040)”, 90–солагии таъсисёбии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонону омӯзгорони факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода конференсияро ҳусни оғоз бахшида, меҳмононро ҳушомадед намуд.

 


Страница 97 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj