• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ЗИНДАГӢ САҲНАИ ЯКТОИ ҲУНАРМАНДИИ МОСТ...

20.JPG - 168.34 KbНимаи дуюми рӯзи 25.05.2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси кумитаи Иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ намоишномаи “Келини ҷойдорӣ” дар иҷрои ҳунармандони Театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ба намоиш гузошта шуд, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор, омӯзгорон ва дигар кормандони зерсохторҳои донишгоҳ  иштирок намуданд. Намоишномаи мазкур тамоми паҳлуҳои зиндагии воқеии ҳаёти ҷомеаро фарогир буда, аз ҷониби ҳунармандон бо як маҳорати баланди касбӣ иҷро гардид, ки тамошобинон аз он як ҷаҳон маънӣ бардошт намуданд.

 
Хабарҳо

АТТЕСТАТСИЯИ УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОН (PhD) ДАР ДОНИШГОҲ
Рӯзи 13 январи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тибқи нақшаи бахши омоданамоии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ аттестатсияи унвонҷӯён ва докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) баргузор гардид.
Дар кори аттестатсия муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Раҷабзода Сироҷиддин Икром, ҳамчунин намояндагони қисми илмии Донишгоҳ иштирок намуданд.
 

 

МАН БАЪДИ ҲАЗОР СОЛ, МЕОЯМ БОЗ...

1.JPG - 149.80 KbРӯзи 25-уми майи соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосӣ конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Лоиқ Шералӣ ва таҳаввули шеъри муосири тоҷик” бахшида ба 80-солагии шоири маҳбуб Лоиқ Шералӣ бо иштироки меҳмонону донишмандон ва омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Нахуст ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда доир ба хизматҳои устод Лоиқ Шералӣ дар рушду таҳаввули шеъри ноби тоҷикӣ ҳамчун шоири забардаст, андешаронӣ намуд. Маврид ба ёдоварист, ки шоир Лоиқ Шералӣ байни солҳои 1958-1963 дар факултети таъриху филологияи Донишкадаи педагогии давлатии Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ) таҳсил намуда, ҳамзамон аъзои фаъоли маҳфили “Адибони ҷавон”-и ҳамин боргоҳ будааст.

 
Хабарҳо

Роҳбари гурӯҳи ҳайати расмии ҳукумати Тоҷикистон- Зариф Ализода қайд кард, ки ин чорабинӣ намояндагони 57 кишварро ҷамъ намуда, барои табоддули таҷриба ва афкор шароити мусоидро фарохам месозад. Тоҷикистон барои иҷрои уҳдадориҳояш дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо масъулияти хоса муносибат менамояд.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 


Страница 102 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj