|
ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА ВА АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК ДАР АСРИ XX
Рӯзи 18-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва 110-солагии донишманди мумтози тоҷик мунаққид ва адабиётшинос, олим, узви Иттифоқи нависандагони СССР, аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Холиқ Мирзозода баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки барои гиромидошти хотираи неки ин марди хирадпеша ва иштирок дар чорабинии мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, ҳангоми вуруд ба ин боргоҳи маънӣ, вазири муҳтарам бо гурӯҳи хатмкунандагон суҳбат ороставу чанд акси хотиравӣ низ гирифтанд. Сипас дар ҳошияи суҳбати хеш, ба хатмкунандагони донишгоҳ барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорияшон, ки масъулияти басо гарону сангин мебошад, барору комёбӣ орзу намуданд. Баъдан конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода оғоз гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
НАМОИШНОМАИ ТЕАТРӢ: НАҚШИ МАОРИФ ВА ОИЛА ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТ
 Дар толори нави Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳунармандони Театри "Ҷавонон" ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо пешниҳоди як намоишномаи театрӣ баромад намуданд. Чорабинии фарҳангӣ-маърифатӣ бо ҳадафи таҳкими арзишҳои таълиму тарбия ва боло бурдани сатҳи маърифати иҷтимоӣ баргузор гардид.
|