|
ФЕСТИВАЛИ ШАҲРИИ “САД РАНГИ ЧАКАН”

Шоми 29-уми апрели соли 2021, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар муассисаи давлатии фарҳангӣ-фароғатии амфитеатри “Аҳорун” фестивали шаҳрии “Сад ранги чакан” дар доираи эълон гардидани солҳои “2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо иштироки сохтору мақомот, омӯзгорон ва донишҷӯёну хонандагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи ҳудуди шаҳри Душанбе баргузор гардид. Нахуст муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода бо суханронии пурмӯҳтаво ба фестивал ҳусни оғоз бахшид. Дар идома гурӯҳи гулдухтарони чаканпӯш чакандӯзиҳои мероси ниёкониамонро ба намоиш гузоштанд. Ҳамзамон, аз ҷониби сарояндагони маҳбуби кишвар рақсу сурудҳои зебое пешкаши ҳозирин гардид. Дар фарҷоми фестивал аз ҷониби мақомот ба як қатор кормандону омӯзгорони фаъол аз ҳисоби бонувон, ки дар таълиму тарбияи насли наврас нақши назаррас доранд, бо диплому ифтихорномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ФАЪОЛИЯТИ НАЗАРРАСИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ
 Дар соли 2025 дар Парки технологии донишгоҳ зиёда аз 5 ҳазор мизу курсиҳои гуногун, рафҳои оҳанин, ҷевон, рӯйпуш барои рахти хоб, хилати корӣ барои фаррошон ва ғайраҳо истеҳсол гардидааст.
|
|
Хабарҳо
|
|

Ман Камолиддин Самиев, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Ашт, аз номи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шаҳри Варшава қарор дорам, ки дар ин ҷо як гуруҳ дар Тоҷикистон гуруҳҳои террористии мамнӯъ карда шуда дар ин ҷо боз омаданд ва гирд омаданд, ки худро ҳамчун бегуноҳ нишон диҳанд. Ман умеди она мекунам, ки дар ин конфронс бо як сухан баромад кунам ва ба ин террористон фаҳмонам, ки Тоҷикистон ватани ободу озод аст бо Пешвои худ дар ҳама самтҳо рушду фаъолият мебарад.
|
|
|
МАҲФИЛҲОИ МУБОҲИСАВИИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ
ДАР ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ РОМАНӢ-ГЕРМАНӢ
“Вазорати маориф ва илм, ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот- аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан, забонҳои русиву англисӣ ва техналогияҳои иттилоотиро ташкил карда, назорати қатъии сифати таълимро дар ин самт ба роҳ монад”
|
|
Хабарҳо
|
|
ҲАВАСМАНДГАРДОНИИ ОМӮЗГОРОН: 10 ФОИЗ ЗИЁДШАВИИ МАОШ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ МАХСУС
 Дар заминаи дастгириҳои пайваста ва сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон ва такмили сифати раванди таълим, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тадбири муҳим амалӣ гардид.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 114 из 654 |