|
ОҒОЗИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ АЗ РӮИ
ИХТИСОСҲОИ ҒАЙРИОМӮЗГОРӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Субҳи 26-уми апрели соли 2021 дар факултетҳои психология ва таҳсилоти фарогир, биология, география, забони англисӣ, иқтисодиёт ва идоракунии маориф, таърих ва забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯи ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ аттестатсияи хатмкунандагони курсҳои чорум ва панҷуми шакли таҳсили рӯзона дар соли таҳсили 2020-2021 оғоз гардид. Маврид ба ёдоварист, ки ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини якум, муовини ректор оид ба таълим н.и.ф.,дотсент Қосимов Саъдӣ Абдулқодирович ва сардори раёсати таълим н.и.т., дотсент Айнуллозода Наҳтулло аз раванди баргузории имтиҳони хатми донишҷӯён боздид намуда, ба ҳамаи хатмкунандагон муваффақиятҳо хостанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ФИЗИКА
 Рӯзи 4 декабри соли 2025, тариқи маҷозӣ дар Ҷумҳурии Туркманистон Олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз 6 нафар донишҷӯёни факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштирок намуда, натиҷаҳои назаррас нишон доданд ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Натиҷаҳои донишҷӯён:
|
|
Хабарҳо
|
|
ИҚТИДОРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН АЗ ҲАМБАСТАГӢ БО ХАЛҚ АСТ!

Истиқлолият гардиши азими таърихӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба шумор меравад. Дар солҳои аввали истиқлол дар раванди гузариш ба ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ дар Тоҷикистон ҳизбу созмонҳои нав таъсис ёфтанд. Зеро меҳвари асосии ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ ба гуногунандешии сиёсӣ асос меёбад ва таъсиси ҷараёнҳои нави сиёсӣ тақозои чунин ҷомеа аст.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар воқеъ маҳсули андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Идеяи таъсиси ҳизби нави сиёсиро, ки фарогири ҳарчи бештари манфиатҳои давлат ва миллат бошад, маҳз дар ибтидои соли 1993 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудаанд. Дар симои Президент мардум шахсиятеро медиданд, ки бо иродаи қавӣ ва сиёсатмадории хирадмандона қодир аст ормонҳои ҳазорсолаи миллатро ҷомаи амал пӯшонад. Барқарории сулҳу оромӣ, ваҳдату субот аз ҷасорату қавимандии роҳбари ҳизб ва пуштибонии
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Боло рафтани нархи интернети мобилӣ вокунишҳои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба бор овардааст. Воқеият чист? Ҳадаф аз боло бурдани нарх чист ва он чӣ пайомадҳое хоҳад дошт?
Хабарнигори «Tajikistantimes» бо Илҳом Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате орост, ки пешкаши хонандагон мегардад.
|
|
ТОЗАГИВУ ОЗОДАГӢ МАРОМИ МОСТ!
Субҳи имрӯз бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ҷалби васеи кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ шанбегии умумидонишгоҳӣ баргузор гардид. Дар шанбегии мазкур дохил ва беруни донишгоҳ тозаву озода гардонида шуд. Ҳамчунин дар ин рӯзҳои офтобӣ аз ҷониби кормандони қисми хоҷагидорӣ дар саҳни донишгоҳ маъракаи гулшинонӣ баргузор гардид. Гулҳои шинондашуда ба донишгоҳ ҳусну таровати дигарро зам намуда, зебогии донишгоҳро дучанд мекунад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 119 из 654 |