|
ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ АЗ ҶОНИБИ РАВОНШИНОСОНИ
КАФЕДРАИ ПСИХОЛОГИЯИ УМУМИДОНИШГОҲӢ
22-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ номзади илмҳои психологӣ Акрамова Моҳрухсор конференсияи илмии омӯзгорони кафедра ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъоли факултетҳои донишгоҳ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии донишгоҳ баргузор гардид. Марид ба ёдоварист, ки дар конференсия маърӯзаҳои зерин аз ҷониби омӯзгорони кафедраи мазкур н.и.п., Назарова Зебунисо дар мавзӯи “Истиқлолият – бақои давлату миллати тоҷик”, н.и.п., Саидов Т., дар мавзӯи “Нақши асари Пешвои миллат “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” дар тарбияи иродаи эътиқодии ҷавонон”, н.и.п., Саидова Б.Т., дар мавзӯи “Ақидаҳои педагогӣ-психологии адибон дар ташаккули сифатҳои иродавии ҷавонон”, муаллимони калон Маматова А.Б., дар мавзӯи “Психологическое помошь при работе с жертвами насилия”, Қурбонов Н.Х., дар мавзӯи “Ҷабҳаҳои психологию педагогии компютеризатсия” ва гурӯҳи донишҷӯён бо чунин маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда,
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ
 Рӯзи 08.12.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
ПЕШВОИ МО – РАҲНАМОИ МО
Рӯзи 22-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п., Умаров А., конференсияи илмӣ таҳти унвони “Пешвои мо – раҳнамои мо” бо иштироки омӯзгорон, муаллимони калони кафедра Мусоева Раъно, Мансурова Ҳабиба, Ашуров Намозалӣ, Шамсова Зебо ва дигар донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст мудири кафедраи мазкур н.и.п., Умаров А. конференсияро оғоз бахшид. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол дар бораи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти давлати навини тоҷикон, бо забони англисӣ маърӯзахонӣ намуданд, ки воқеан ҷолибу диданӣ буд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
8 апрели соли равон президенти ИМА Доналд Трамп дар Қасри сафед расман изҳор дошт, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ (СПИИ) барои амалиёти террористии роҳбарияти Эрон, ки «воситаи асосӣ»-и ҳокимият дар самти «татбиқи амалиёти глобалии террористии он» мебошад, хизмат мекунад.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАСТОВАРДҲОИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ АЗ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ВОЛОНТЁРИ СОЛ – 2025»
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Волонтёри сол – 2025» роҳандози гардида буд, ки рӯзи 5-уми декабр бо ташкили як чорабинии пуршукуҳ ба таври расмӣ ҷамъбаст ва беҳтаринҳо муайян карда шуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 122 из 654 |