• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд.  Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун  қарор доранд. Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд.

 

 

ЭЪЛОН!

10.jpg - 83.39 KbБа таваҷҷӯҳи донишҷӯён ва магистрон расонида мешавад, ки бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илму истеҳсолот, баҳри амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», дар донишгоҳ даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида мешавад.

 

 

АВАНГАРДОН – ПЕШСАФОНИ ИМРӮЗУ ОЯНДАИ МИЛЛАТ!

2.JPG - 119.09 Kb

Санаи 1- уми апрели соли ҷорӣ дар асоси банди 3-юми нақша-чорабиниҳои тасдиқнамудаи роҳбарияти гурӯҳи ҷавонони"Авангард"-и ШВКД- и н. Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе оид ба баргузории сӯҳбату вохӯриҳо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар ибтидо бо донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти фарогир аз ҷониби гурӯҳи ҷавонони"Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон сӯҳбат- вохӯрӣ таҳти унвони “Авангардон – пешсафони имрӯзу ояндаи миллат”баргузор карда шуд. Дар вохӯрии мазкур намояндаи ШВКД дар н. Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, подполковники милитсия Ҳайдарзода Мастура, раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони "Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон Омина Табарова, раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони"Авангард"- и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Манижа Азизова, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов, мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ М. Абдураҳмонов, роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонов ва устодону донишҷӯён ширкат доштанд. Нахуст, мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Қ.Иброҳимов меҳмононро ба ин махзани илму дониш хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба Раиси Шӯрои духтарони гурӯҳи ҷавонони "Авангард"- и Ҷумҳурии Тоҷикистон Омина Табарова дод.

 
Хабарҳо

КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: “МАСЪАЛАҲОИ МУОСИРИ САНОАТИ МОШИНСОЗӢ ВА МАВОДШИНОСӢ”
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 50-солагии таъсисёбии факултети технология ва солҳои 2022–2026, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун “Солҳои рушди саноат” эълон гардидаанд, конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Масъалаҳои муосири саноати мошинсозӣ ва маводшиносӣ” баргузор гардид.
 
Хабарҳо

 

ТАШРИФИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲИ КАСБИИ ЛИНИЙИ ЧИН БА ОСОРХОНАИ ДОНИШГОҲ
Дар идомаи меҳмонии ҳайати роҳбарияти Донишгоҳи касбии Линийи Чин ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, меҳмонон аз Осорхонаи таърихии донишгоҳ боздид ба амал оварданд.
Дар ҷараёни ин дидор, ҳайат бо таърихи 95-солаи донишгоҳ, марҳилаҳои рушд, саҳми олимон ва омӯзгорони маъруф дар такмили низоми маорифи миллӣ, ҳамчунин дастовардҳои илмиву таълимии муассиса шинос гардиданд.
 


Страница 138 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj