• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

ВОХӮРӢ БО ДОНИШҶӮЁН ДАР ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ
Имрӯз дар хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии навбатии роҳбарияти донишгоҳ бо иштироки деканони факултетҳо ва дигар шахсони масъул баргузор гардид.
Ҳадафи мулоқот шиносоӣ бо ҳолати зисту зиндагии донишҷӯён ва тақвияти робитаи корӣ миёни маъмурият ва истиқоматкунандагони хобгоҳҳо мебошад.
 

 

Иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”


28.png - 142.46 Kb30.03.2021 11:46, шаҳри Душанбе

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

 

 

БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ МО

16.jpg - 47.87 KbБо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайрави аз иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ва омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони то синни 30 сола озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид. Озмун санаи 23-юми марти соли 2021 баргузор гардида, иштирокчиён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз 226 нафар иштирокчиёни озмун 14 нафар ба зинаҳои ифтихорӣ роҳ ёфта, беҳтарин донандагони шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғавуров интихоб шуданд.

 
Хабарҳо

ДИДОРИ ДИЛРАБО МАНСУРӢ БО ИШТИРОКЧИИ ОЗМУН МАРВОРИД БОЙЗОДА
Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Дилрабо Мансурӣ аз ҷараёни баргузории даври ниҳоии он дидан намуда, аз ҷумла бо иштирокчии ин озмун Марворид Бойзода – омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ суҳбат намуд.

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 25.11.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 


Страница 140 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj