• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

«ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ: РАМЗИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ»
Рӯзи 24 ноябри соли 2025 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ таҳти унвони «Парчами давлатӣ: рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар конфронс намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шурои собиқадорони ҲХДТ ва устодону донишҷӯёни
 

 

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ЭКОЛОГОНИ ҶАВОН”

26.JPG - 192.39 Kb17 – уми марти соли 2021 дар синфхонаи №6 – и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Экологони ҷавон” зери мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва рушди химияи токсикологӣ ва экотоксикология” буда, бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни фаъоли баргузор гардид. Ҳамчунин декани факултет н.и.х., дотсент Усмонов М.Б., мудири кафедраи технология ва экологияи химиявӣ дотсент Муродов Д. ва дотсенти кафедраи мазкур Қурбонова Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идома роҳбари маҳфил Умаралии С. баромад намуда, саҳми омӯзгорони кафедра аз ҷумла,  Урозова С. ва Муҳиддинов Шоҳрухро дар баргузории маҳфили навбатӣ назаррас ҳисобид. Аъзоёни фаъоли маҳфил бо истифода аз тахтаи электронӣ доир ба мавзӯи болозикр ба донишҷӯён маълумоти пурра доданд.

 

 

«КИТОБ – КАЛИДИ МАЪРИФАТ»

34.jpg - 62.51 KbРӯзи 17-уми марти солии 2021 дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 90-солагии донишгоҳ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва инчунин ба хотири иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни дигаре бо номи “Китоб – калиди маърифат”, ки санаи 20.02.2021 оғоз шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, дар он донишҷӯёни бахшҳои гуногуни факултет иштирок намудаву ба даври ниҳоӣ 6 нафари онҳо роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳайати комиссияи озмун аз декани факултет д.ит. Ҳусайнов А., муовини декан оид ба илм, н.и.т., Зарифов Н., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, н.и.п., Мусоев К., иборат буданд. Дар ҷамъбасти озмун 5 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, Холзода Алишери Навоӣ ҷойи якум, Орзуева Орифа ва Зиёев Салмон ҷойи дуюм, Авезов Муллоназар ва Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи сеюм интихоб гардиданд.

 
Хабарҳо
ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНА ДАР РОҲПАЙМОӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ зиёда аз 1300 нафар таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода дар роҳпаймоии идона бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Роҳпаймоӣ аз майдони маҷмааи Истиқлол оғоз ёфта, то боғи Парчами миллӣ – баландтарин Парчами давлатӣ идома ёфт.
Иштироки фаъоли ҳайати донишгоҳ ифодаи эҳтиром ба яке аз муқаддасоти давлатӣ ва нишони ватандӯстиву худшиносии миллӣ мебошад.
 
Хабарҳо

 

ШУРОИ НАВИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ТАЪСИС ДОДА ШУД
Бо фармони Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қарорҳои дахлдор, Шурои диссертатсионӣ барои ҳимояи рисолаҳои доктори фалсафа (PhD) ва доктори илм аз рӯйи ихтисосҳои:
• Математика (6D010900 – Назария ва методикаи таълими математика (таҳсилоти умумӣ))
• Физика (6D011001 – Назария ва методикаи таълими физика (таҳсилоти умумӣ))
• Педагогика (5.3.4.1 ва 5.3.4.2)
дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ расман таъсис дода шуд.
Фаъолияти Шурои диссертатсионӣ мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монда шуда, муҳлати ваколати он 2 сол муқаррар гардидааст. Ин иқдом имкониятҳои нави илмӣ, таҳқиқотӣ ва рушди касбиро барои муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишмандони кишвар фароҳам меорад.

 

 


Страница 142 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj