|
ДАРҲОИ ДОНИШГОҲ БА РӮИ ДОВТАЛАБОН БОЗ АСТ!
Имрӯз, 17.03.2021 дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи “Дарҳои кушод” баргузор гардид, ки дар он ҳама факултетҳои донишгоҳ дастовардҳо ва ихтирооту китобҳои тозанашри устодону донишҷӯёни хешро ба намоиш гузоштанд. Шуруъ аз соати 9:30 хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҳудуди шаҳри Душанбе ба донишгоҳ ташриф оварда, аз дастовардҳо ва шароити таҳсил дар донишгоҳ дидан намуданд. Шумораи навбатии нашрияи “Омӯзгори ҷавон”, ки фаъолияти пурраи донишгоҳро дар бар мегирифт, ба ҳар як хонанда тақдим карда шуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
 Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ХОНИШИ СИЁСӢ: “СИЁСАТИ ПЕШВОӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ АЗ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН (ДАР МИСОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН)”
Рӯзи 21.11.2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуи “Сиёсати пешвоӣ ва арзишҳои миллӣ аз таҷрибаи давлатдории тоҷикон (дар мисоли фаъолияти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон)” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти факултети филологияи тоҷик, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Бақозода Сайрам суханронӣ
|
|
|
ҶАМЪБАСТИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ДАР ДОНИШГОҲ
Рӯзи 16-уми марти соли 2021 дар толори варзишии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи волейбол, ки байни донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ бахшида ба таҷлили “Рӯзи бонувон” баргузор шуда буд, ҷамъбаст гардид.
Бояд зикр кард, ки дар баргузории чорабини варзишии мазкур саҳми устодони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ зери роҳбарии профессор Тошқул Намозов ва муовинони деканони факултетҳо оид ба қисми тарбия хеле назаррас мебошад.
|
|
ИДОМАИ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ
БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ
Санаи 16-уми марти соли 2021 дар синфхонаҳои №5, №7 ва №10-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи қисми дигари кори конференсия баргузор гардид. Конференсия ҷиҳати гиромидошти хотири неки д.и.х., профессор, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, шодравон Солиев Лутфулло барпо гардида, дар се бахш идома дорад, ки дар он ҳайати академикону профессорон ва донишҷӯён иштироки доранд. Конференсияи мазкур зиёда аз 70 маърӯзаҳои илмӣ-амалиро фарогир мебошад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 143 из 654 |