• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu
Хабарҳо

БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ҚИСМИ ҲАРБӢ
Омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз шароити зисту хизмат ва омодагии ҷангии афсарону сарбозони Қисми ҳарбии 02615 боздид ба амал оварданд. Зимни боздид иштирокчиён бо инфрасохтор, тарзи будубош ва ҷараёни хизмат дар қисми мазкур аз наздик шинос шуданд.
 

 

БОЗ ЯК ИҚДОМИ НЕК

4.JPG - 231.74 KbСанаи 10-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси нақша-чорабиниҳо маҷлиси раёсати донишгоҳ баргузор гардид, ки дар доираи эълон гардидинаи солҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ омӯзгорону донишҷӯён ба шаҳри Ҳисор сафарбар карда шуданд. Нахуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо ин гурӯҳ сӯҳбат ороста, ба ин сафар оғози расмӣ бахшидаву ба аҳли сафар роҳи сафед хост. Сипас, омӯзгорону донишҷӯён бо роҳбарии мудири шуъбаи  тарбияи донишгоҳ Қобилҷон Иброҳимов ба сафар баромаданд.

 

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БА ИФТИХОРИ 80 – СОЛАГИИ

УСТОДИ ЗИНДАЁД ЛУТФУЛЛО СОЛИЕВ ДАР ДОНИШГОҲ

10.jpg - 41.93 KbСанаи 15-уми марти соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ барои гиромидошти хотири неки Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаи байналхалқии “Springer Nature” дар солҳои 2015 ва 2016, соҳибҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва Асосгузори мактаби илмӣ-омӯзишии системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия, д.и.х., профессор, шодравон Солиев Лутфулло дар даромадгоҳи факултети химия лавҳаи хотиравӣ кушодаву ва бо ихлосу иродати хоса як лабараторияи илмӣ-тадқиқотии “Омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” ба номи неки ин марди хирад номгузорӣ гардид.

Дар маросими кушодашавӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода доир ба хислатҳои нек ва хизматҳои арзандаи ӯ сухан ронда, меҳмонон, дӯстону ҳамкасбони марҳумро ба ин боргоҳи маънӣ хайрамақдам намуд.

 
Хабарҳо

ИСТЕҲСОЛИ МИЗУ КУРСИҲО ДАР МАРКАЗИ ТАЪЛИМИИ КАСБОМӮЗИИ ДОНИШГОҲ ДАР ШАҲРИ НОРАК
Дар Маркази таълимии касбомӯзии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Норак раванди истеҳсоли мизу курсиҳо ба роҳ монда шуд. Дар ин раванд ҳамаи марҳилаҳои омодасозӣ аз ҷониби касбомӯзон таҳти назорати омӯзгорон ба анҷом мерасанд.
 
Хабарҳо

 

ЁДЕ АЗ БУЗУРГОНИ АДАБ
Гиромидошти шахсиятҳои бузурги миллию фарҳангӣ аз иқдомҳои шоиставу пазирои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ маҳфили доимоамалкунандаи «Адибони ҷавон»-ро ба хотири зодрӯзи устодони зиндаёд Бозор Собир ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор намуд. Бо ин мақсад, устодону донишҷӯёни аъзои маҳфил ба оромгоҳи Лучоб рафта, хотираи аҳли илму адабро пос доштанд.
Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён ва устодон суханронӣ намуда, аз рӯзгор, корнома ва мероси адабии Бозор Собир ва Сайф Раҳимзоди Афардӣ ёдовар шуданд ва хидматҳои арзандаи онҳоро дар рушди адабиёт ва тафаккури миллӣ бозгӯ карданд.
 


Страница 144 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj