• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

 

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

33.png - 136.07 Kb15.03.2021 15:30, шаҳри Душанбе

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

 
Хабарҳо

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ФАЛСАФА ВА ФАРҲАНГШИНОСӢ
Санаи 19.11.2025 дар кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа ва фарҳангшиносӣ ҳисоботи солона оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедра баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба илм доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И., котиби Шурои илмӣ-методии донишгоҳ Ҳамроев А., номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ Парвин Нуриддин ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
 
Хабарҳо

БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ИЛМӢ-ТАҚҲИҚОТИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ СИЁСАТШИНОСӢ ДАР СОЛИ 2025
Рӯзи 19.11.2025 дар кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ ҳисоботи солона оид ба натиҷаи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии омӯзгорони кафедра баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор С.И. Раҷабзода, котиби шурои илмӣ-методии донишгоҳ А. Ҳамроев, мудири кафедра, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент П.Р. Нуриддин ва омӯзгорон ширкат варзида, суханронӣ намуданд.
 

 

ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД, НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ

29.jpg - 75.84 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбия ва бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Мунаввара Турсунова дар толори Шӯрои олимони факултет бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.

 

 

“ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ”

17.JPG - 139.48 KbЗабон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.

Бо чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявии донишҷӯёни соли сеюми факултети биология зери роҳбарии куратори гурӯҳ Сатторов Б., баргузор гардид. Нахуст, декани факултет н.и.б., Бобозода Илҳомҷон доир ба муҳтаво ва нақши асари пурарзиши Пешвои миллат, андешаронӣ намуд. Дар идома донишҷӯён доир ба ҳар фасли ин асари пурмазмун маълумот дода,

 


Страница 145 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj