• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

МОДАРИ МУШТИ ПАРАМ, БОЛУ ПАРАМ ҲАДЯИ ТУСТ!

56.jpg - 93.40 KbСанаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет н.и.п., дотсент Умаров У. ҳамаи иштирокчиён, ки аксарияти онро донишҷӯдухтарону бонувон ташкил менамуданд, табрику муборакбод намуда, ба барномаи мазкур ҳусни оғоз бахшид.

 
Хабарҳо

 

ДАСТАРХОНИ ЭҲТИРОМ БАРОИ ОМӮЗГОРОН
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иқдоми роҳбарияти донишгоҳ барои омӯзгорон дастархон ороста шуд.
Ин иқдом ҳамчун рамзи эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату хизмати софдилонаи устодон мебошад, зеро нақши онҳо дар раванди таълим ва тарбияи насли наврас бориз аст.

 

 

 

ДАСТИ ДУОИ МОДАР

54.JPG - 223.41 KbСанаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳамаи донишҷӯдухтарон ва бонувонро табрику муборакбод намуда, ба барнома ҳусни оғоз бахшид. Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултет, ки аз қироати шеъру суруд, рақсу саҳнаҳои тарбиявӣ ва “Аллаи модар” иборат буд, бо як маҳорати баланди хоса, пешкаши тамошобинон гардид.

 
Хабарҳо
АБАРМАРДИ ДУНЁИ СИЁСАТ
(Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
15 апрели соли 2016 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар мавриди ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» баррасӣ ва қабул карданд, ки дар асоси он ҳар сол 16 ноябр дар кишвар ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бидуни истироҳат таҷлил карда мешавад.
Маҳз дар рӯзи 16 ноябр таҷлил намудани ин санаи фархунда бесабаб нест, зеро дар таърихи 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд. 16 ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
 

 

ҲХДТ–ҲИМОЯТГАРИ ХАЛҚУ ДАВЛАТИ ТОҶИКИСТОН!

49.JPG - 188.56 Kb5-уми марти соли 2020 тибқи нақша-чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар ҳамбастагӣ бо Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” як қатор аъзоён ва кормандони ҲХДТ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф оварданд. Меҳмонон аз гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, сайёҳӣ ва ҳамчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Боғи навбунёди “30-солагии Истиқлолият” ва аз иншооти ҷашнии донишгоҳ низ дидан намуданд. Гӯшаи ҳизбии Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор”, ки дар бинои наву замонавӣ ташкил гардидааст, таваҷҷӯҳи меҳмононро ба худ  ҷалб намуд. Зимни дидор аз гӯшаи ҳизбии “Омӯзгор” меҳмонон ба раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Ғаффорӣ Н.У., муовини раиси Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Раҷабов Д. ва котиби Ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии “Омӯзгор” Каримов Д. баҳои баланд доданд.

 


Страница 149 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj