|
НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ
ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ
Дирӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши илм ва маориф дар пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фалсафаи фарҳанг доир гардида, дар он ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б. Акобир Мирзораҳимов, мудирони кафедраҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа, фалсафаи фарҳанг, педагогика, забони фаронсавӣ ва инчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст, ноиби ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг н.и.ф., дотсент Зикирзода Ҳ. дод. Мавсуф дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизми динӣ падидаҳои хатарноки ҷомеаи инсонӣ” баромад намуда, аз нооромиҳои ҷаҳони муосир, дасисаҳои ҷангҷӯёни кишварҳои ҷангзада намунаоварӣ намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ АЗ ОСОРХОНАИ ТАЪРИХӢ-ТАБИИИ ЛОНДОН
Дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Британияи Кабир, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо ҳайати ҳамроҳон аз Осорхонаи таърихӣ-табиии Лондон (The Natural History Museum) боздид ба амал овард.
Зимни боздид, ҳайати донишгоҳ бо экспозитсия ва коллексияҳои илмии осорхона, ки бахшҳои гуногуни табиатшиносӣ, аз ҷумла палеонтология, геология, зоология, ботаника ва антропологияро дар бар мегиранд, шинос гардиданд.
|
|
“ҚУДСИЁН ГӮӢ, КИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ АЗ БАР МЕКУНАНД”
Таҳти ҳамин унвон санаи 19-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё маҳфили “Ҳофизхонӣ” бо иштироки донишҷӯёни соли якум баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Ш.Исрофилниё аз ангушшумортарин муҳаққиқи осори классикон мебошад. Дар маҳфили навбатӣ професср Ш.Исрофилниё чанд байте аз девони Ҳофиз таҳлил ва маънидод намуд, ки воқеан ҳам ҷаҳон-ҷаҳон маъниро дар худ таҷассум мекард.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи Ховарон
Бо таъйин шудани Рустами Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе майдончаҳои варзишӣ ва паркҳои истироҳатии кӯдакона дар назди биноҳои истиқоматӣ қомат афрохтанд. Дар ин самт донишгоҳи мо низ саҳмгузорӣ намуда, дар маҳаллаи Ховарон майдончаи варзишӣ ва боғча барои кӯдакон сохта ба истифода дод. Дар расми ифтитоҳ ректори донишгоҳ, академик Носирљон Салимӣ ва намояндагони ҳукумати шаҳр ва ноҳия ширкат доштанд. Кушодашавии майдонча бо пазироии гарми меҳмонон оғоз шуда,
|
|
Хабарҳо
|
|
ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ
Хонандаи синфи 10-уми Литсейи назди ДДОТ ба номи С. Айнӣ Раҷабзода Бузургмеҳр Сироҷиддин дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Химия» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастоварди шоистаи ӯ далели дониш, меҳнатдӯстӣ ва омодагии баланди зеҳнӣ мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон, хонандагони литсей ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Раҷабзода Бузургмеҳр Сироҷиддинро бо ин муваффақият самимона табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар роҳи илму маърифат орзу доранд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 158 из 654 |