• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

МАРЗШИНОСӢ ДАР ДАРСИ КУШОД

9.jpg - 51.34 KbРӯзи 19-уми феврали соли ҷорӣ дар факултети биологияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси омӯзгори фанни Асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ассистенти кафедраи ҳуқуқи факултети таърих Абдуллозода Муҳаммад бо донишҷӯёни курси дуюм дар мавзӯи “Сохтори давлатӣ ва сохтори марзӣ-маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки омӯзгорон н.и.т., дотсент Шарифов Маликшо, муллими калони кафедраи таърихи умумӣ Мирзоев Фарҳод дарси кушод доир гардид. Маврид ба зикр аст, ки омӯзгорони ҷавони донишгоҳ бо дарку масъулияти баланд, андар таълиму тарбияи муттахасисони оянда саҳми назаррас гузошта истодаанд.

 
Хабарҳо

ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ
Донишҷӯи курси сеюми факултети химия Қурбонзода Гулҷаҳон Шамшод дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Химия» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастоварди шоистаи ӯ далели дониш, меҳнатдӯстӣ ва омодагии баланди зеҳнӣ мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Қурбонзода Гулҷаҳон Шамшодро бо ин муваффақият самимона табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар роҳи илму маърифат орзу доранд.

 

 

ОМӮЗИШИ МЕТОДОЛОГИЯИ ИЛМҲОИ ИҚТИСОДӢ…

1.jpg - 106.01 KbРӯзи 18-уми феврали соли ҷорӣ тибқи нақшаи семинари таълимӣ бо ташаббуси омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодии умумидонишгоҳии факултети иқтисодиёт ва идоракунии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.и., дотсент Ғозибекова Муҳаббат семинари илмӣ – методӣ дар мавзӯи “Омӯзиши методологияи илмҳои иқтисодӣ дар муассисаҳои таҳсилоти оливу касбии мамлакат” баргузор гардид.

 
Хабарҳо

Ҳифзи ҳувияту арзишҳои миллӣ ва рушди ҷомеа

Бисёр хонда ва шунидаем, ки бузургтарин донишмандони илмҳои ҷомеашиносӣ, файласуфон ва сиёсатмадорони ҷаҳон даврони тағйиру таҳаввулро душвортарин даврон барои ҷомеа ба ҳисоб овардаанд. Ҳатто чиниҳо аз замонҳои қадим ба ҳар касе, ки озорашон медодааст, мегуфтанд: «Орзу мекунам, ки дар даврони дигаргуниҳо зиндагӣ кунӣ!». Аммо даврони тағйиру таҳаввуле, ки беш аз ду даҳсола дар кишвари мо идома дорад,

 
Хабарҳо

ИФТИХОРИ ДОНИШГОҲ
Донишҷӯи курси панҷуми факултети физика Сафаров Рамазон Неъматуллоевич дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» аз рӯи номинатсияи «Физика» сазовори ҷойи сеюм гардид.
Ин дастоварди шоистаи ӯ далели дониш, меҳнатдӯстӣ ва омодагии баланди зеҳнӣ мебошад.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Сафаров Рамазон Неъматуллоевичро бо ин муваффақият самимона табрик гуфта, барояш комёбиҳои нав дар роҳи илму маърифат орзу доранд.

 


Страница 161 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj