|
Хабарҳо
|
|
ХОРӢ ЗИ ТАМАЪ ХЕЗАДУ ИЗЗАТ ЗИ ҚАНОАТ…
Дар паёми Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22.12.2017 оид падидаи номталуби давр, яъне ришваситонию дигар корҳои коррупсионӣ омадааст: «Мо диққати сохтору мақомоти давлатӣ ва аҳли ҷомеаро мунтазам ба масъалаи пурзӯр намудани мубориза бо коррупсия ҷалб мекунем, зеро бо вуҷуди тадбирҳои
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ОҒОЗИ ҲАМКОРИҲО БО ФОНДИ ҲИНД ВА ЭРОНИ ҚАДИМ ОИД БА ИЛМҲОИ ШАРҚШИНОСӢ
Дар идомаи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, вохӯрии муҳим бо роҳбарият ва омӯзгорони факултети илмҳои Осиё ва Ховари Миёна (Faculty of Asian and Middle Eastern Studies)-и Донишгоҳи Кембриҷ баргузор гардид.
Факултети мазкур яке аз марказҳои бонуфузи илмии ҷаҳон дар самти омӯзиши забон, адабиёт, таърих, фарҳанг ва ҷомеашиносии кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна маҳсуб ёфта, дорои захираи бойи илмӣ ва мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Пажӯҳишгарони он дар самтҳои таърих, адабиёт, забоншиносӣ, иҷтимоиёт, фарҳангшиносӣ, сиёсати муосир ва антропологияи иҷтимоӣ корҳои илмӣ анҷом медиҳанд.

|
|
Хабарҳо
|
|
Танзим - сарчашмаи зиндагии солим
Имрузҳо Тоҷикистон дар масири равандҳои мухталифи иҷтимоӣ – глобалӣ самт гирифта ҳаракат карда истодааст. Ҳама гуна равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба ҳаёти рӯзмараи инсоният бетаъсир намонда бо ягон нақши мусбат ва манфии худ ба зиндагии инсоният ворид мегарданд.Ҷомеи ҷаҳонӣ дар гирудори масъалаҳои иқтисодӣ ва маънавӣ қарор дорад.
|
|
|
ҒОЛИБИЯТИ КОРМАНДИ ДОНИШГОҲ

Рӯзи 12 феврали соли 2021 дар толори Бонки миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳамзамон дар қисмати ҷамъбастии он ғолибони озмуни шаҳрии мақолаи беҳтарин миёни ҷавонони аз синни 14 то 30-солаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, махсус ва олии касбии ҳудуди пойтахт дар мавзӯи “ПЕШВОИ МИЛЛАТ” бахшида ба ”Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон гардида буд, муайян гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар ин озмун мақолаи сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Давлатшоҳ Каримов сазовори ҷойи дуюм гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
МУАРРИФИИ ДОНИШГОҲ ДАР ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶИ АНГЛИЯ
Дар доираи сафари кории ҳайати роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шоҳигарии Британияи Кабир, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ — профессор Аҳлиддин Ибодуллозода, донишгоҳро дар Донишгоҳи Кембриҷи Англия (University of Cambridge) муаррифӣ намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 165 из 654 |