• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ХОНИШИ САТРИ ЯК КИТОБ, ҲОСИЛИ УМР МЕШАВАД

41.JPG - 231.18 KbСубҳи имрӯз дар саҳни ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ боз намоиш-фурӯши китобҳои тозанашри Муассиаи нашриявии «Адиб» баргузор гардид, ки дар он ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Усмонзода Нуъмонҷон Ғаффорӣ, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо ва дигар устодону донишҷӯён ва дӯстдорони сухани волои осори адибони бузурги  адабиёти илмиву бадеӣ иштирок доштанд.

Мавриди зикр аст, ки  намоиш-фурӯши китобҳои тозанашрро кормандони Муассиаи нашриявии «Адиб», ки баҳри ғизои маънавӣ гирифтани хурду бузурги мардуми кишвар дастранҷиҳо доранд,  раҳбарӣ мекарданд ва аз навгониҳои тозанашрии китобҳои “Гулбоғи рубоӣ”-и Раънои Мубориз, “Оини ноз”-и Шоҳона, “Подош”-Сироҷиддин Икромӣ, “Ҷаҳони маънавии Чингиз Айтматов”-и Абдуғаффор Абдуҷабборов, “Тарозуи чашм”-и Давлат Сафар ва ғайра ба устодону донишҷӯён иттилоъ медоданд.

 
Хабарҳо

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби муовини аввали ректор Айнуллозода Наҳтулло дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.

 
Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ
Имрӯз бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд” баргузор гардид.
Онро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода С.И. кушода, кулли омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 31-умин солгарди ин санади сарнавиштсоз таҳният гуфт.
 
Хабарҳо

ШИНОСНОМАИ МИЛЛАТ ШОҲКИТОБҲОИ ӮСТ

Маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди  рушду камолоти инсонӣ, пешрафти ҷомеа ва стратегии давлат эълон шудааст, зеро пешрафти он манфиатбахши ҷомеа буда, соҳаҳои дигари ҳаётию мадании мамлакатро  вусъату самара мебахшад.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша нисбати

 

 

ҲУНАРМАНДӢ ЗИ МО ОМӮЗ, КИ ЗЕБИ САД ҲУНАР ДОРӢ!

photo_2021-02-04_08-01-32.jpg - 192.00 KbСехи дӯзандагии назди Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, хоҳишмандонро ба курси омӯзишии кӯтоҳмуддати дӯзандагӣ даъват менамояд . Дӯкони дӯзандагии мазкур дар  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  хиёбони Рӯдакӣ-121 воқеъ гардида, дорои мошинаҳои чокдӯзии наву замонавӣ мебошад ва  мутахассисонро дар тӯли 3-моҳ дар ду баст: дӯзандагӣ, қолинбофӣ, зардӯзӣ, гулдӯзӣ (гулдӯзии компютерӣ), гулдӯзии дастӣ, атласбофиву попуриро меомӯзонад. Роҳбарии ин  дӯкони дӯзандагиро зани соҳибкасбу  кордон Ҷамилова Қутбинисо бар ӯҳда дорад.

 


Страница 173 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj