|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ КОЛЛЕҶИ ДОНИШГОҲИИ ЛОНДОН (UCL)
Рӯзи 3 ноябри соли 2025, гурӯҳи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Убайдулло Асрорзода — ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Қурбонзода Маҳмадалӣ — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, дар доираи сафари корӣ ба Шоҳигарии Британияи Кабир бо роҳбарияти Коллеҷи донишгоҳии Лондон (University College London – UCL) вохӯрии судманд анҷом доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавасеаи ҳамкориҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ташкили барномаҳои муштараки таҳсил, табодули донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин ҷалби таҷрибаи пешқадами таълимии UCL-ро ба низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Роҳбарияти UCL омодагии худро барои таҳким бахшидани робитаҳои стратегӣ бо донишгоҳҳои Тоҷикистон иброз намуда, таъкид дошт, ки ҳамкориҳои илмӣ ва инноватсионӣ бо муассисаҳои таълимии минтақа метавонад ба рушди устувори таҳсилоти олӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии мутахассисони ҷавон мусоидат намояд.
|
|
|
ПАЁМИ ПЕШВО - РАҲНАМОИ МОСТ
Имрӯз, шуруъ аз соати 10:00 дар “Кохи Сомон” Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Вобаста ба ин, бо ташаббуси Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дар толори бинои асосии донишгоҳ кормандон, омӯзгорону донишҷӯён, инчунин дар ҳамаи синфхонаҳои факултетҳо, кафедраҳои тахассусиву умумидонишгоҳӣ ва дигар зерсохторҳои донишгоҳ Паёми Пешвои миллатро тавассути оинаи нилгун тамошо намудаву аз он як ҷаҳон маъниву таассуроти баланд бардоштанд.
|
|
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»
26.01.2021 12:15, шаҳри Душанбе
Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунбарори кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлолу озодии Ватани азизамон пешниҳод мегардад.
Тавре ки кулли ҳамватанони азизи мо, инчунин, ҳар яки шумо – вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ медонед, соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.
Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад.
Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад.
Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ
дар замони истиқлол
Забони тоҷикӣ ба сифати рукни давлатсози ҷомеа на танҳо барои давлати Сомониён, балки барои давлатҳои турку муғулу манғит ба сифати забони расмии коргузорӣ хизмат намудааст.Ҳамчунин мутобиқи матолиби сарчашмаҳои таърихӣ забони тоҷикии форсӣ дар асри IX – X ба ғайр аз мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ, яъне курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, Озарбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асри миёна забони асосӣ ва ҳатто адабиёти ягонаи хаттӣ ба шумор мерафт.
|
|
Хабарҳо
|
|
ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ АГЕНТИИ ТАЪМИНИ СИФАТ БАРОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ ШОҲИГАРИИ БРИТАНИЯИ КАБИР
Рӯзи 3 ноябри соли 2025, гурӯҳи ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла
Аҳлиддин Ибодуллозода — ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Убайдулло Асрорзода — ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ва Қурбонзода Маҳмадалӣ — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, бо роҳбарияти Агентии таъмини сифат барои таҳсилоти олӣ дар Шоҳигарии Британияи Кабир (The Quality Assurance Agency for Higher Education – QAA) вохӯрии корӣ баргузор намуданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 176 из 654 |