|
Хабарҳо
|
|
Забон ҳамчун сарчашмаи худшиносии миллӣ
Дар давраи Истиқлол бо ибтикори Асосгузори сулҳуваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонмақоми сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангии забони тоҷикӣ бакуллӣ дигар шуд. Бо дарки хусусияти муттаҳидгардонӣ ваваҳдатсозии забон Сардори давлат онро ҳамчун як рукниустувору побарҷои давлатдории навини тоҷикон эътироф намуданд, ки он аз иқтидор ва нерӯю тавоноии забони тоҷикӣсарчашма мегирад. Афзуда бар ин, Пешвои миллат дар таълифоти илмиюпажуҳишиашон муҳимтарин масоили таърихи
|
|
|
Ифтитоҳи бинои 12-ошёнаи хобгоҳи рақами 8-и
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳраки донишҷӯён
22.01.2021 11:28, шаҳри Душанбе
22 январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор дода, бо шароити дар он фароҳамгардида шинос шуданд.
Иншоот дар доираи сохтмони навбати 2-юми бинои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бунёд гардида, аз таҳхона, 12 ошёна ва 207 ҳуҷраи хоб барои донишҷӯён иборат буда, дар маҷмӯъ барои бештар аз ҳазор нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст.
Лоиҳаи бинои хуштарҳу замонавии хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ҷониби Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Пажӯҳишгоҳи илмию лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардида, дар масоҳати 8 ҳазору 808 метри мураббаъ қомат афрохтаст.
Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, дар бино барои донишҷӯён шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.
Хобгоҳ ҳамзамон аз ошхона, ҳуҷраҳои маъмурият, нуқтаи тиббӣ ва дигар утоқҳои ёрирасон иборат мебошад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар бинои хобгоҳи рақами 8-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 6 марти соли 2015 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд.
|
|
Хабарҳо
|
|
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт
Дар раванди ҷаҳонишавии замони муосир ҳодисаву воқеаҳо зуд тағйир меёбанд ва пешгӯӣ намудани равандҳои нави ҷаҳони муосир душвор мегардад. Ин хусусият ба рушди технология, пайдоиши воситаҳои нави иттилоърасонӣ, зуҳури гурӯҳҳои нави даҳшатафкан ва ба таври чашмгир тағйир ёфтани мавқеи давлатҳои абарқудрат, инчунин пайдоиши қутбҳои нави ҷаҳонӣ ва тақсими нави ҷаҳони муосир бастагӣ дорад. Аз ҷониби дигар, доман паҳн кардани ифротгароӣ бо тамоми зуҳуроташ, ташаннуҷи вазъи сиёсии
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ МУОВИНИ РЕКТОР
 Имрӯз (03.11.2025) муовини аввали ректор Наҳтулло Айнуллозода, бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва интизоми меҳнат мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
 |
|
Ифтитоҳи Осорхонаи Пешвои миллат дар
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
22.01.2021 11:27, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва молиявии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Осорхонаи Пешвои миллатро, ки ба овони донишҷӯӣ ва саҳми Сарвари давлат дар рушди минбаъдаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида шудааст, мавриди истифода қарор доданд.
Осорхонаи мазкур бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. Мақсад аз он тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси бонуфузтарин муассисаи олии таълимии кишвар – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо дарназардошти мақому манзалати барҷастаи Донишгоҳ, Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз 18 августи соли 2020 оид ба таъсис додани осорхонаи нав ҷиҳати инъикоси давраи таҳсили Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин боргоҳи илм, хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ, нишон додани дастовардҳои бонуфузтарин мактаби олии кишвар дар шароити имрӯза ва нақши он дар рушди маориф, худшиносӣ, ифтихор аз ватан ва арзу сипоси устодон ва донишҷӯён ба ватану миллат ва Пешвои муаззами хеш, қарор қабул карданд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 177 из 654 |