|
Эълон
|
|
НАМОИШ-ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «МАОРИФИ РОССИЯ. ТОҶИКИСТОН-2022"
10 июни соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даҳумин намоиш-ярмаркаи байналмилалии «Маорифи Россия. Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Дар ин намоишгоҳ 34 донишгоҳи Федератсияи Россия, 4 филиали донишгоҳҳои Маскав дар Тоҷикистон ва донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус муаррифӣ шуданд.
Идомаи чорабинӣ имрӯз (11.06.2022) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон аз соати 9:00 то 17:00 идома дорад.
Хатмкунандагони дараҷаи бакалавриат барои дохилшавӣ ба зинаи магистратураи донишгоҳҳои хориҷӣ кишвар метавонанд ба Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
|
|
|
НАШРИ КИТОБИ «ЗАБОНИ ТОҶИКӢ» ДАР АСОСИ ҚОИДАҲОИ НАВИ ИМЛОИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
«Забони тоҷикӣ» (дастури таълимӣ-тахассусӣ барои донишҷӯёни равияи табиӣ ва риёзӣ) - чунин ном дорад китоби нави мудири кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С.Айнӣ доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод, ки ба тозагӣ интишор гардид. Китоб дар асоси «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва Аломатҳои китобати забони тоҷикӣ», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми июни соли 2021, № 268 тасдиқ шудааст, таълиф гардидааст.
Ба хотири вусъати бештари омӯзиши фанҳои табиатшиносию риёзӣ ва ташаккули тафаккури техникии насли ҷавон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид. Бо мақсади амалисозии ин тадбир ва ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин зарурияти тақозои таълим доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод тасмим гирифта аст, ки нахустин дастури таълимии “Забони тоҷикӣ”- ро барои донишандӯзони риштаҳои табиӣ ва риёзии донишгоҳ таълиф намояд.
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАХШИДА БА РУШДИ ПЕДАГОГИКАИ МИЛЛӢ ВА АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
 Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи педагогикаи миллӣ дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо зимни такомули арзишҳои миллӣ» баргузор гардид. Ҳамоиши илмӣ ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии таъсисёбии донишгоҳ бахшида шуда, дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Аҳамияти андешаҳои дунявӣ дар ташаккули худшиносии миллӣ» конференсияи илмӣ доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
|
|
Хабарҳо
|
Саймумин Ятимов и Камчыбек Ташиев: заявление по итогам переговоров
|
|
|
|
|
|
|
Страница 19 из 654 |