|
Хабарҳо
|
|
БАРГУЗОРИИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЛИМПИАДАИ ФАННӢ

Дар асоси фармоиши ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ва ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия рӯзи 29.10.2025 даври муассисавии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Бояд қайд намуд, ки он то 31.10.2025 аз рӯи 15 фанни таълимӣ баргузор мегардад ва ғолибон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мазкур роҳхат мегиранд. |
|
|
Хабарҳо
|
|
Нақши Пешвои миллат дар рушди забони тоҷикӣ дар замони истиқлол
Забони тоҷикӣ ба сифати рукни давлатсози ҷомеа на танҳо барои давлати Сомониён, балки барои давлатҳои турку муғулу манғит ба сифати забони расмии коргузорӣ хизмат намудааст.Ҳамчунин мутобиқи матолиби сарчашмаҳои таърихӣ забони тоҷикии форсӣ дар асри IX – X ба ғайр аз мардуми тоҷик ва форс, инчунин барои халқҳои гуногуни ин нуқоти Шарқ, яъне курдҳо, афғонҳо, ҳиндуҳо, Озарбойҷон, Осиёи Хурд ва Мовароуннаҳр дар ибтидои асри миёна забони асосӣ ва ҳатто адабиёти
|
|
Хабарҳо
|
|
КӮМАК БА ШАХСИ НИЁЗМАНД
Имрӯз дар ҷараёни қабули шаҳрвандон аз ҷониби ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода ба як шаҳрванди ниёзманд аробачаи маъюбӣ супорида шуд.
Мӯйсафед, ки худ бемор ва маъюб буда, дар хона фарзанди бемор низ дорад, бо дархости кӯмак ба роҳбарияти донишгоҳ муроҷиат намуд.
|
|
|
ДУ МУВАФФАҚИЯТИ ЯК ДОНИШҶӮ
Абдураҳмонов Абдулхайр Суҳробхонович – донишҷӯи соли 4-уми факултети химия буда, яке аз донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ китоби Абдулхайр Абдураҳмонов таҳти унвони «Рисолати журналистии химик» ба ифтихори 90-солагии донишгоҳ ба зевари табъ ороста шуд, ки муаллиф дар китоби мазкур фаъолиятии журналистии 4 – солаи худро ҷамъоварӣ намудааст. Ва субҳи имрӯз низ мавсуф барои дастовардҳо дар соҳаи рӯзноманигорӣ бо Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, барномасозии компютерӣ, техника, технология ва навоварӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ сазовор дониста шуд.
|
|
Хабарҳо
|
ҶАВОНОН ВА АРТИШИ МИЛЛӢ.
«Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бо нангу номус мебошад».[1]
Муҳимтарин рисолати мо ҷавонон ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ ва таъмини амнияту субот дар кишвар аст. Мо ифтихорманди онем, ки имрӯз бо дарки масъулияти ватандорӣ ҷавонони мо аз уҳдаи нигоҳубини сарҳадоти давлатӣ бо сари баланд баромада истодаанд ва сипари боэътимоди Ватан мебошанд. Сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро тибқи қонунгузорӣ
|
|
|
|
|
|
|
Страница 182 из 654 |