|
Хабарҳо
|
|
Ифротгароӣ-вабои аср
Масъалаи пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳу созмонҳои ифротгаро яке аз масъалаҳои мубрам мебошад. Идеологияи экстремистӣ, ки ҳоло бо роҳу воситаҳои гуногун фаъол гардидааст, метавонад ҷавононро ба коми худ кашида, кишварро ноором созаду ба ваҳдати миллӣ ва амнияти мамлакати соҳибистиқлоламон таҳдид намояд.
|
|
|
КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-АМАЛИИ КАФЕДРАИ УМУМИДОНИШГОҲИИ ЗАБОНИ РУСӢ
Санаи 4-уми январи соли 2021 бо ташаббуси кафедраи умумидонишгоҳии забони русии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалии донишгоҳӣ дар мавзӯи «Методы преподавания русского языка для студентов национальных групп» баргузор гардид. Дар конфронс устодони собиқадор, омӯзгорони калон, ассистентон бо маърӯзаҳои худ дар бораи баланд бардоштани сифати таҳсил ва истифодаи методу усулҳои наву муосир дар раванди таълим бо донишҷӯёни донишгоҳ баромад намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
АРЗИШҲОИ БАШАРӢ ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛАТ
Арзиш мафҳумест, ки дар илми таълиму тарбияти инсон – педагогика рукнҳои махсуси муқарраргардидаи иҷтимоиро дар худ фаро мегирад, ки он дар шаклҳои мусбату нек, зебову савоб, равою ҳақ, қобили қабули умум гардида, дар ҳаёти инсон нақши худро мегузорад. Арзишҳои умумибашарӣ ва миллӣ мутааллиқ ба тамоми инсоният ва халқҳо буда, сарвати маънавии ҷомеаро ташкил менамоянд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
 Санаи 27.10.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД МИЁНИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ ВА ШИРКАТИ "FOSHAN QIANDA TEXTILE"-и ЧИН
26 октябри соли 2025, роҳбарияти Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ бо даъвати ширкати “Foshan Qianda Textile Co., Ltd.” аз корхонаи истеҳсолии он, воқеъ дар шаҳри Фошани Ҷумҳурии Мардумии Чин боздиди корӣ анҷом доданд.
Дар ҷараёни боздид, ҳайати Парки технологии донишгоҳ бо роҳбарияти ширкат вохӯрии расмӣ баргузор намуда, бо равандҳои истеҳсолӣ, навтарин таҷҳизот ва намунаҳои маҳсулоти ин корхона аз наздик шинос гардиданд.
Ширкати Foshan Qianda Textile Co., Ltd. яке аз истеҳсолкунандагони маъруф ва боэътимод дар соҳаи маводҳои таълимӣ ва мебелҳои замонавии бароҳат ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти ширкат — аз қабили мизу курсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олӣ, мактабҳои миёна ва кӯдакистонҳо, инчунин мебелҳои омӯзишӣ ва маишӣ, аз ҷумла роҳаткурсӣ барои толорҳои маҷлисгоҳҳо, утоқҳои корӣ, толорҳои фарҳангӣ ва консертӣ — имрӯз дар бозорҳои ҷаҳонӣ аз ҷойгоҳи устувор бархурдор аст.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 184 из 654 |