|
Тасдиқи рамзи 20 – солагии таъсиси
Созмони ҳамкории Шанхай
28.12.2020 19:17, шаҳри Душанбе
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи 20 – солагии таъсиси Созмони ҳамкории Шанхайро тасдиқ намуданд.
Рамзи мазкур дар намуди адади «20» дар шакли мудаввар кашида шуда, дар қисми болоии он парчамҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, дар қисми поёнӣ – атлас, ҳамчун нишонаи фарҳанги мардуми тоҷикон ва дар мобайни он навиштаҷоти Душанбе 2021 ҳамчун макони баргузории чорабинӣ тасвир ёфтаанд.
Дар ҳалқаи дуюм навиштаҷоти Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русӣ ва хитоӣ ҷой дода шудааст. Дар маркази давра сайёраи Замин тасвир ёфтааст.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
МАШҚИ ПАГОҲИРӮЗӢ: СОЛИМГАРДОНӢ ВА ҶАЛБИ ҶАВОНОНУ ДОНИШҶӮЁН БА ВАРЗИШ
Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ ба варзиш ин субҳ машқи пагоҳирӯзӣ дар майдони Аҳмади Дониш баргузор карда шуд.
Ҳамин тавр, субҳи имрӯз дар чорабинии мазкур устодон ва донишҷӯён ширкат варзида, ба обутоби бадан машғул шуданд.
|
|
ДУ НАФАР ОЛИМОНИ ТОҶИК АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ
ИЛМҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАКТАБҲОИ ОЛӢ ИНТИХОБ ГАРДИДАНД
Дар ҷаласаи навбатии шуъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ аз байни довталабон ду нафар олимони тоҷик аз ДДОТ ба номи С.Айнӣ Акобир Мирзораҳимов ва Саидмуроди Хоҷазод зимни овоздиҳии пӯшида Академики Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ интихоб гардиданд. Доктори илмҳои биология, профессор Акобир Мирзораҳимов муаллифи беш аз 15 таълифот ва доктори илмҳои филология, профессор Саидмуроди Хоҷазод муаллифи беш аз 20 китоб, дастур ва васоити таълим мебошанд. Олимони мазкур бо дастовардҳои бунёдӣ дар ҷодаи илм ва маориф чун мутахассисони варзидаи соҳаҳои худ эътиоф шудаанд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Рост ВВП Таджикистана составил 7,1%
Рост Внутреннего валового продукта (ВВП) в Таджикистане по итогам 2017 года, по сравнению с 2016 годом составил 7,1%.
Как сообщает Агентство по статистике при президенте РТ, ВВП страны в прошлом году сложился в размере около 61,1 млрд. сомони ($6,9 млн.).
По данным источника, в структуре ВВП все еще превалируют сельское хозяйство, охота, лесное хозяйство, рыболовство и рыбоводство – 21,1% от общего объема ВВП. По сравнению с 2016 годом доля сельского хозяйства в ВВП увеличилась на 0,4%.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАР ДОНИШГОҲ КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ БАРГУЗОР ШУД
Рӯзи 24 октябри соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси факултети география конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Сарватҳои табиӣ – омили асосии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон» баргузор гардид.
Чорабинӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои
|
|
|
|
|
|
|
Страница 186 из 654 |