|
Хабарҳо
|
|
БОЗДИДИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ОЗМУНИ УМУМИШАҲРИИ ҲИЗБӢ АЗ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ОМӮЗГОР"
Ҳайати Комиссияи озмуни умумишаҳрии ҳизбии “Кумитаи иҷроияи ибтидоии фаъол” ва “Ташкилоти ибтидоии фаъол” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор”-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боздид ба амал овард.
Зимни боздид фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯйи номинатсияи “Ташкилоти ибтидоии фаъол” мавриди арзёбӣ қарор дода шуд. Аъзои комиссия бо ҳуҷҷатгузорӣ, чорабиниҳои сиёсиву тарбиявӣ, ҷалб намудани омӯзгорон ва донишҷӯён ба фаъолияти ҳизбӣ, татбиқи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар самтҳои кории ташкилот шинос шуданд.
Комиссия фаъолияти ташкилоти ибтидоии “Омӯзгор”-ро мусбат арзёбӣ намуда, барои саҳмгузорӣ дар амалисозии сиёсати ҳизб ва тақвияти корҳои тарғиботию маърифатӣ изҳори сипос намуд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Оҷонсии иттилоотии «Sputnik» хабар медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои аз лиҳози бехатарӣ амн ва диданибоб шомил шуд. Дар гурӯҳ, инчунин ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ шомил гардидаанд.
Давлатҳо аз лиҳози бехатарӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи чорум давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ироқ, Яман, Ливия, Мали, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Сомали, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии марказии Африқо ворид гардидаанд, ки дар онҳо бехатарии шаҳрвандон ва сайёҳон умуман кафолат дода намешавад.
|
|
Хабарҳо
|
|
ДАРСИ АМАЛИИ ОСОРХОНАШИНОСӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
 Бо роҳбарии устоди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ғ. Роҳатов дар толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз фанни «Осорхонашиносӣ» дарси амалӣ баргузор гардид.
Дар ҷараёни дарс донишҷӯёни ихтисоси «Таърих»-и шуъбаи фосилавии факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ бо фаъолияти бахшҳои гуногуни осорхона аз наздик шинос шуданд.
|
|
|
ПИРӮЗӢ НАСИБИ ДАСТАИ ФУТБОЛБОЗОНИ ХОҶАГИДОРӢ ГАРДИД
Шуруъ аз 4-уми декабри соли 2020 мусобиқаи футболи хурд, ки бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, мустаҳкам намудани дӯстию рафоқат ва ҷалб намудан ба варзиш байни омӯзгорону кормандон ва зерсохторҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ таҳти шиори “Варзиш кафили саломатист”ҷараён дошт, рӯзи 23-юми декабр ҷамъбаст гардид. Дар гурӯҳи беҳтарин дастаҳое, ки ба даври финалӣ роҳ ёфтанд, дастаи факултаи химия бо шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ, дастаи Хоҷагидорӣ бо дастаи футболбозони факултети математика барои ҷоиза байни ҳам сабқат намуданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
ИДЕЯИ МИЛЛӢ — ЗАМИНАИ РУШДИ ОЯНДАИ ҶОМЕА
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 19 сентябри соли 2012 чунин зикр намуданд: «Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем». Аз ин суханон бармеояд, ки имрўз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд донишу таҷриба ва фаъолияти худро баҳри рушду нумуи давлатдорӣ истифода намуда, дар ташаккули идеяи миллӣ мавқеи худро дошта бошад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 188 из 654 |