|
ДОМАНИ ХАЙР МЕКАШАД, ДАСТИ НИЁЗМАНДИ МО...
Санаи 22 –уми декабри соли 2020 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Баротова Гулчеҳра Юсуфҷоновна ба ифтихори фарорасии “Соли нав” бо як гурӯҳ донишҷӯёни ятими кулл вохӯрӣ баргузор гардид. Сараввал, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила Мансур зимни суханронии хеш афзуд, ки Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ ба иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кӯмаку дастгирии донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ва ятимони кулл тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст ва инчунин афзуд, Шумо табақаи ниёзманди ҷомеа танҳо нестед, мо бо шумоем.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
КОНФРОНС: БОҚӢ РАҲИМЗОДА ВА МУҲИТИ АДАБИИ САДАИ ХХ
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар сартосари кишварамон 115 солагии Шоири Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ устод Боқӣ Раҳимзода ҷашн гирифта мешавад. Дар доираи ин ташаббуси фарҳангпарваронаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ бо иқдоми кафедраи назария ва таърихи адабиёт конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Боқӣ Раҳимзода ва муҳити адабии садаи ХХ” баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲ
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни миллӣ — Меҳргон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Факултетҳои донишгоҳ дар саҳни донишгоҳ гӯшаҳои намоишии худро омода намуда, маҳсулоти кишоварзӣ, хӯрокҳои миллӣ, меваҷот ва ҳунарҳои дастиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Ин чорабинӣ, ки бо ҳадафи эҳёи анъанаҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои фарҳангии халқи тоҷик баргузор шуд, фазои идона ва шодию нишотро ба донишҷӯёну омӯзгорон бахшид.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Нафас дорад, валекин ҷон надорад,
Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.
Муҳаммад Иқбол
Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рўзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд, бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рўзеро дар тақвим махсус ба «Рўзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рўз рўзи офтоб аст ва рўзро бидуни офтоб тасаввур натавон кард.
|
|
ТАШРИФИ САФИРИ ФАРОНСА БА ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

18 декабри соли 2020 сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Таран ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ташриф овард, ки ӯро аташейи фарҳангии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Лола Роже ва ёрдамчии сафири Фаронса Муҳиба Шарифова ҳамроҳӣ мекарданд. Меҳмононро ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ н.и.п., дотсент Аъзам Байдуллоев, декани факултети забонҳои романӣ-германӣ д.и.п., Зарина Сайфуллоева ва мудири кафедраи забони фаронсавӣ дотсент Султонзода Соқӣ Аслон дар саҳни бинои асосӣ пешвоз гирифтанд. Дар толори Шӯрои олимони донишгоҳ нахуст, ректори донишгоҳ ҳузӯри меҳмонони олиқадрро ба ин боргоҳи илму маърифат муборак дониста, аз фаъолияту дастовардҳои олимони донишгоҳ андешаронӣ намуд.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 189 из 654 |