• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
tgpu

 

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН - ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ МИЛЛӢ!


147.jpg - 84.67 Kb

Рӯзи 10-уми декабри соли 2020 дар асоси барқияи телефонии КИ ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ва ташаббуси бевоситаи Ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Омӯзгор” дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати 26 –умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - ҳизби ормонҳои миллӣ” бо иштироки аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов, муовини раиси ташкилот Дилшод Раҷабов, котиби ташкилот Давлатшоҳ Каримов ва як қатор аъзоёни ҳизб баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, нахуст аъзои раёсати ташкилот Акобир Мирзораҳимов бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуд.

 
Хабарҳо

Мушкилоти ҷавонон ва роҳҳои ҳалли он дар ҷомеа

Вақтҳои охир масоили ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ, бекорӣ ва камбудиҳои ҷавонӣ ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоии «хориҷӣ» низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Ба ин амр як қатор омилҳо мусоидат менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест.  Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷомеаи муосир ин поён рафтани меъёрҳои ахлоқӣ ба шумор меравад. Вақте ки муомилаи ҷавонон пур аз алфози фаҳшу қабеҳ бошад, вақте сухани дуруғ як меъёри муқаррарӣ бошад, вақте ки ришва одати маъмулӣ ба

 
Хабарҳо

ҶАЛАСАИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ
Рӯзи 20.10.2025 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо иштироки муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканони факултетҳо ва мудирони шуъбаву бахшҳо ҷаласаи назоратӣ баргузор намуданд.
Дар ҷаласа як қатор масъалаҳои марбут ба таълим, тарбия, илм ва робитаҳои байналмилалии муассиса мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

 

МАЪЮБОНРО ДАВЛАТ ПУШТУ ПАНОҲ АСТ

140.jpg - 102.45 KbРӯзи 9.12.2020 Раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии маъюбон” бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии табақаи ниёзманди аҳолӣ, аз ҷумла, маъюбону камбизоатон, нафарони имконияташон маҳдуд дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба як гурӯҳ донишҷӯёни маъюб ва ятимони кулл кӯмаки модӣ аз қабили маводҳои хӯрока ва либосворӣ тӯҳфа намуданд.

 
Хабарҳо

Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад …

Одобу ахлоқ яке аз рукнҳои ташаккули инсони комил аст ва он дар муҳити оила, боғча, мактаб, донишгоҳ, хуллас, ҷомеа инкишоф меёбад. Фарде, ки ин зинаҳоро тай намудааст, метавонад бо ду роҳ равад: яке – бо роҳи дуруст дар натиҷаи тарбияи накӯ, дигаре – бо роҳи нодуруст, дар натиҷаи риоя накардани меъёрҳои ахлоқӣ.

Беҳуда дар урфият нагуфтаанд, ки: «Аз мост, ки бар мост». Саодати рӯзгори инсон дар натиҷаи зиндагии бобарор, меҳнати ҳалол ва одобу ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ба даст меояд. Вақте ки фарзанди инсон дар рӯҳияи фазилатҳои неки инсонӣ тарбия меёбад, ӯ тарзе рафтор мекунад, ки бар зарари аъзоёни ҷомеа набошад. Ӯ мекӯшад, ки дар мактаб бо баҳои хубу аъло хонад,

 


Страница 191 из 654
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj