|
Хабарҳо
|
|
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ПАРКИ ТЕХНОЛОГИИ ДОНИШГОҲ ДАР НАМОИШГОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕХНОЛОГӢ ДАР ЧИН
Рӯзи 18 октябри соли 2025 Сайдалиев Лоиқшоҳ — директори Парки технологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва ҳайати ҳамроҳон ҷиҳати иштирок дар Намоишгоҳи универсалии байналмилалии технологияҳои инноватсионӣ ва масолеҳи сохтмонӣ, ки дар шаҳри Гуанҷоуи Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, сафарбар гардид.
Ин чорабинии бонуфузи байналмилалӣ имкони арзандаи ошноӣ бо дастовардҳои навини соҳаҳои технология ва сохтмонро фароҳам оварда, ба ғанигардонии донишу таҷрибаи роҳбарият
ва кормандони Парки технологии донишгоҳ мусоидат менамояд.
Ширкати намояндаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ қадаме муҳим дар самти тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ-технологӣ, огоҳӣ аз навовариҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими заминаҳои рушди илму техника маҳсуб ёфта, метавонад ба баланд бардоштани нуфузи илмию инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми муносиб гузорад.
 |
|
|
Хабарҳо
|
|
Аз Тоҷикистон ба кадом кишварҳо бе раводид сафар кардан мумкин аст?
Озодтарин кишвари ҷаҳон Олмон шинохта шуд, мақоми дуюмро дар феҳрист Сингапур гирифту дар сатри сеюм Шветсия, Бритониё, Дания, Итолиё, Норвегия, Финляндия, Фаронса ва Ҷопон ҷой гирифтаанд
Ширкати Henley & Partners феҳристи ҷадиди "қувваи" гузарномаҳои дунёро мунташир кардааст.
Тоҷикистон дар ин феҳрист дар мақоми 81-юм ҷой гирифтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни раводид бо гузарнома аз 54 кишвари дунё боздид кунанд.
|
|
Хабарҳо
|
|
РИОЯИ ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ – ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТИ ФАЪОЛИЯТИ КОРӢ
Зимни як вохӯрӣ дар донишгоҳ масъалаи риояи интизоми меҳнат аз ҷониби кормандон ва омӯзгорон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ҷараёни суханронӣ таъкид шуд, ки поквиҷдониву масъулиятшиносӣ, ҳозиршавии саривақт ба ҷойи кор, иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва риояи қатъии қонунгузории меҳнатӣ аз омилҳои асосии пешбурди фаъолияти муассир ба ҳисоб мераванд.
|
|
|
ВАТАН, ҲАР ГӮШААТРО САБЗ ХОҲАМ ДИД!
Рӯзи 07.12.2020, тибқи мактуби расмии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи И.Сомонӣ ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ” ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ вазифадор шуданд, ки дар дохили муассиса ё корхонаи худ дарси сиёсӣ, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо бо ҷалби собиқадорони ҳизб доир намоянд. Тибқи ин дастур, дар ташкилоти ибтидоӣ-ҳизбии «Омӯзгор» маъракаи ниҳолшинонӣ таҳти унвони «Ватан, ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард» баргузор гардид.
|
|
Хабарҳо
|
|
Ҷавонон фаъолитяи ТЭТ ҲНИТ маҳкум менамоянд
Ҷавонони соҳибфарҳангу пуриродаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли,пешвои муазами миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон руҳу илҳом гирифта, дар мамолики дурру наздик бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда истодаанд. Ҳамзамон бо интизоми намунавӣ таҳсил намуда ,дар корҳои созандагию ободонии мамлакатамон саҳми босазо гузошта номбардори миллати худ мегарданд.Чигунае, ки шиорашон чунин аст;
|
|
|
|
|
|
|
Страница 194 из 654 |