|
Хабарҳо
|
|
ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ қабули шаҳрвандон баргузор шуд, ки дар он ариза ва дархостҳои шаҳрвандону донишҷӯён аз ҷониби ректор Аҳлиддин Ибодуллозода дар доираи қонун ва тибқи тартиб баррасӣ гардиданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
Суботи ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистони муосир бегазанд аст
Ҳаёти ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар шароити муосир дигаргуниҳои густурдаеро дар соҳаҳои гуногун аз сар мегузаронад. Дар заминаи оромии ҳаёти ҷамъиятӣ таваҷҷӯҳу кушиши одамон низ бештар аз пештар ба баланд бардоштани сатҳи зиндагияшон равона гардида, уммеду эътимодашон ба фаъолияти сохторҳои қудратии мамлакат дар бобати таъмини ҳифзу якпорчагии диёрамон меафзояд. Маҳз дар ҳамин замина вазъу сифати муносибатҳои байниҳамдигарии табақаҳои гуногуни ҷомеа мустаҳкамтар мегардад. Дар заминаи чунин тамоюлот иқтидори
|
|
ВНМО-ТАҲДИД БА ҲАЁТИ ОСОИШТАИ ҶАВОНОН
Имрӯз, 01.12.2020 дар синфхонаи №6-и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ низ бахшида ба рӯзи байналмилалии ВНМО дарси кушод таҳти унвони “ВНМО- таҳдид ба ҳаёти осоиштаи ҷавонон” баргузор гардид. Чорабинӣ бо суханони пурмуҳтавои декани факултет н.и.х., дотсент Усмонов М.Б. оғоз шуд. Сипас, як гурӯҳ донишҷӯён зери роҳбарии Ҷаборзода Б., дарси кушоди худро доир ба ин беморӣ ва тарзи ҳаёти солим ва дигар мавзӯъҳои мубрами ҷаҳони муосир бо муваффақият манзури иштирокчиён намуданд.
|
|
|
Хабарҳо
|
|
НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ДОНИШГОҲ ДАР СОЛИ 2025
 Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеъи Шурои олимон баргузор гардид. Дар кори он ҳайати раёсат, садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва устодон иштирок намуда, фаъолияти донишгоҳ дар нуҳ моҳи соли 2025 натиҷагирӣ карда шуд.
Баъд аз садо додани Суруди миллӣ, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода ҷаласаро ифтитоҳ намуда, сардорони раёсатҳои таълим, илм ва робитаҳои байналмилалӣ бо рӯнамоҳои муфассал ҳисоботи худро пешниҳод намуда, дар бораи дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо маълумот доданд.
|
|
Хабарҳо
|
|
«Ҷараёни салафия» ва хатари он ба давлату миллати тоҷикон
Дар ҷаҳони муосир пайдо шудани ҳар гуна равияҳои ба мардумони олам бегона боиси халалдор кардани ҳаёти осоиштаву бонизоми кишварҳои дунявию ҳуқуқбунёд ба ҳисоб меравад. Бояд тазаккур дод, ки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо, ба таври ғайриқонунӣ дар Тоҷикистон низ мавҷуд хастанд, ки боиси нооромии вазъ шуда, махсусан ҷавононро ба доми худ мекашанд. Яке аз чунин ҷараёнҳои ғайриқонунӣ «салафия» мебошад, ки таҳдид ба тамоми ҷаҳони муосир ва давлатҳои миллии дунявӣ дорад.
|
|
|
|
|
|
|
Страница 200 из 654 |