• Таджикский
  • Руский
  • Английский
меню
There are no translations available.

 

Бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ

 

Давлатзода Муслима Давлат

Мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ

Тел: 931841001

 


Мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ, 19-уми январи соли 1971 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омада, соли 1993 донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва соли 2011 Донишгоҳи давлатии Тиҷорати Тоҷикистонро хатм намудааст. Собиқаи кориаш 30сол.

 

 

Исломзода Фарзона Рӯзӣ

Сармутахассиси бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ

Email: farzonaislomzoda1@gmail.com

Tел: 933060659


Сармутахассиси бахши кор бо духтарон ва занони донишгоҳ, 9-уми ноябри соли 1991 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 2018 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро хатм намудааст. Собиқаи кориаш 10 сол.

 

 

Рустамова Мавҷигул Раҷабалиевна

Котибаи муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ

Тел: 988-32-78-71

 

 

 

 

Фаъолияти шӯрои занон ва духтарон

Фаъолияти тамоми сохторҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, аз ҷумла, Шӯрои занон баҳри тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маданияти сиёсии донишҷӯён, тарбияи ахлоқи ҳамида, меҳнатдӯстӣ, зебоипарастӣ равона карда шудааст.

Шӯрои занони донишгоҳ яке аз сохторҳои ниҳоят муҳим ба ҳисоб рафта, самтҳои асосии фаъолияти Шӯро ин расонидани кӯмакҳои иттилоотӣ-машваратӣ ба бонувон ва донишҷӯдухтарон, ҷалби духтарон ба таҳсил, фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа дар байни занону духтарон мебошад.

Шӯрои занони донишгоҳ, баҳри тадбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои роҳбарияти донишгоҳ ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи корҳои тарбиявӣ миёни донишҷӯдухтарон  тадбирҳо андешида,  фаъолиятро дар ин самт тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар  бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ  мондааст.  Дар асоси Консепсияи мазкур нақшаи чорабиниҳои Шӯрои занони донишгоҳ тартиб дода шуда, аз тарафи Раёсати донишгоҳ  тасдиқ карда шудааст.

Фаъолияти Шӯрои занон дар донишгоҳ аз рӯи нақшаи солонаи тасдиқшуда ба роҳ монда шуда, бо нақшаи чорабиниҳои қисми тарбия ҳамоҳанг карда шудааст.

Дар донишгоҳ зиёда аз 350- нафар занону бонувон  кор ва фаъолият доранд. Аз ин ҳисоб,   203- нафарашон бонувоне мебошанд, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ  машѓуланд. Аз  ҷумла: доктори илм, профессор- 2- нафар;  дотсент- 31 н;  номзади илм 32 нафар мебошанд. Дар баробари ин  98 нафар занон вазифаи кураториро ба ӯҳда доранд.

Шӯрои занони донишгоҳ баҳри тадбиқи Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарору фармоишҳои роҳбарияти Донишгоҳ ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон ва духтарон дар ҷомеа тадбирҳо меандешад.

Қабул гардидани фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба қатори он муҳимтарин санадҳо дохил меша вад ва дар таърихи давлати соҳибистиқлоли  мо мавқеи махсус дорад. Вобаста ба ин қобили қайд аст, ки шумораи зиёди устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро занону духтарон ташкил медиҳад.

Бонувони фаъоли донишгоҳ дар қатори садҳо бонувони кишвар дар таълиму тарбия, ободии сарзамин саҳми худро гузошта истодаанд. Тибқи иҷроиши Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»    сафи занони роҳбар дар донишгоҳи мо низ сол то сол афзуда истодааст. Айни ҳол шумораи онҳо ба 26-нафар расидааст.

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj