• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

«ПРЕЗИДЕНТ  –ИФТИХОРИ МО»

Садорати факултети таърих бахшида ба 25-умин солгарди Иҷлосияи XVI-Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Рӯзи Президент» дар мавзӯи «ПРЕЗИДЕНТ  –ИФТИХОРИ МО» санаи 9.11.2017 соати 1200 дар толори фарҳангии донишгоҳ конфренсияи илми-фарҳангии донишҷӯёнро доир намуд.

Дар конфронс декани факултет Муродов А., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Наҷмуддинов Т., мудири шӯъбаи тарбияи донишгоҳ Иброҳимов Қ., омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Зарипов Н., донишҷӯи курси 5-уми факултет Қурбонова З., донишҷӯи курси 3-юми факултет Бадриддинов Ф. иштирок ва маърӯзаҳо намуданд. Дар аввал декани факултет Муродов А. қайд намуд, ки хушбахти ва боиси ифтихор аст, ки миллати тоҷик дар иҷроиши қарорҳои таърихии Иҷлосияи-Шӯрои Олӣ бо комёбиҳои назарасӣ сиёсӣ, иқтисодӣ, илми-фарҳангӣ ноил гардид, ки имрӯз ҳар яки мо дар сулҳу суботи Тоҷикистони азиз зиндагӣ ва умр ба сар бурда истодаем.

Маърӯзаи навбати ба омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик Зарипов Н. дар мавзуи «Аҳамияти таърихии Иҷлосия XVI- Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дода шуд, ки омӯзгор аз эълон гардидани Эъломияи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки бузургтарин муваффақияти халқи тоҷик дар роҳи истиқлолияти комил баъди ҳазор сол, пас аз заволи давлатдории Сомониён ба даст омада буд сухан намуд. Инчунин қайд намуд, ки мутаасифона бо таъсири қувваҳои дохиливу берунӣ давлати ҷавони Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар ибтидои солҳои 90-ум як қатор созмонҳо ба амсоли «Меҳри Хатлон», «Хуҷандиён», «Лаъли Бадахшон» ва ғайра ташкил ёфтанд, ки ба манфиати маҳалли алоҳидае амал мекарданд. Ин созмонҳо нишонаи он буданд, ки дар Тоҷикистон ҷудоихоҳии маҳаллӣ ба вуҷуд омада, манфиатҳои маҳаллӣ аз умумиллӣ болотар меистоданд.

Дар чунин вазъияти душвори сиёсӣ роҳбар ва ҳукумате лозим буд, ки мамлакатро аз вазъияти мураккаб барорад, зеро мавҷудияти давлати ҷавони Тоҷикистон зери савол монда буд. Хушбахтона дар чунин шароити душвори сиёсӣ аз 16-уми ноябр то 2-уми декабри соли 1992 дар қасри фарҳангии Арбоби хоҷагии ба номи Саидхуча Урунхуҷаеви Хӯҷанди бостони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) баргузор гардид, ки дар он Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонҳамчун Раиси Шӯрои Олӣ интихоб гардид ва Тоҷикистони азизамон аввалин қадамҳои худро дар роҳи сулҳу ваҳдат гузошт.

Маърӯзаҳои дигаре, ки аз тарафи донишҷӯёни факултет Қурбонова З., Бадриддинов Ф.  дар мавзӯҳои «Саҳми асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат дар худшиносии миллии ҷавонон»,«Нақши Пешвои миллат оид ба баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон» шунида шуд.

Ҳамин тавр бахши якуми конфронс ба анҷом расида қисмати фарҳангӣ оғоз гардид, ки аз тарафи донишҷӯён шеърҳо, сурудҳо дар васфи Тоҷикистони азиз ба ҳозирин пешниҳод карда шуд.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj