• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология

Кафедрахо 54

Биологияи умумӣ ва методикаи таълими биология

Кафедраи методикаи таълими биология соли 1976 дар натиҷаи ба факултетҳои биология-химия ва география ҷудо шудани факултети география ва табиатшиносӣ дар ҳайати факултети география таъсис ёфта буд. Аз ибтидои таъсисёбӣ то соли 1984 сарварии кафедраро устоди варзида ва шинохтаи ҷумҳурӣ, дотсент Қаюмов Ю.Б. ба ӯҳда дошт. Аз соли 1985 то соли 1998 роҳбарии кафедраро дар назди факултети география профессор Т. С. Сатторов ба ӯҳда дошт.
Кафедраи методикаи таълими биология аз 20-уми январи соли 1998 дар баробари ба факултетҳои мустақили биология ва химия ҷудо шудани факултети биология ва химия ба сохтори факултети биология гузашт.
Аз рӯзи ба факултети биология гузаштани кафедра сарварии онро доктори илмҳои биологӣ ва ҳамзамон декани факултети биология профессор Сатторов Т.С. ба ӯҳда дошт. Аз моҳи ноябри соли 2004 то моҳи октябри 2009 дотсент Абдуллозода Ҳ. вазифаи кафедраро иҷро мекард. Аз моҳи апрели соли 2010 дотсент Баротов К.А. дар вазифаи мудири кафедра фаъолият карда истодааст.
Айни замон дар кафедра 10 нафар омӯзгорон ва кормандон, аз ҷумла як нафар номзади илмҳои биологӣ, дотсент ; ду нафар номзади илмҳои педагогӣ, дотсент; 5 нафар ассистентон , як нафар лаборант ва як нафар мудири кабинет ба корои таълиму тарбия ва илмию тадқиқотӣ машѓул мебошанд. Дар кори таълиму тарбия устодони кафедра дотсентон Қосимова Х.Н., Баротов К.А. , Шарипов М., ва ассистентон Давлатов С., Миразоров К., Бойматова Р., Ҳалимов К., Одинаев Н. ҳисса гузоранд. Дар кафедра таълими фанҳои тахассусӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ монда шудааст.
Устодони кафедра аз рӯи равияи «Ташкил намудани усулҳои нави корҳои берун аз синфӣ дар таълимӣ биология» тадқиқот мебаранд.
Устодони кафедра китобу дастурҳои таълимии «Асосҳои методикаи таълими биология», «Ситология», «Гистология бо асосҳои эмбриология», «Ҳалли масъалаҳои генетикӣ», «Ҳалли масъалаҳои экологӣ ва биологӣ», «Истифодаи бозиҳои дидактикӣ дар таълими биология», « Ба роҳ мондани корҳои мустақилона дар таълими биология», « Генетика» , «Аҷоиботҳои биологӣ», « Истифодаи чистонҳо дар дарсҳои биология», « Ҳалли машқ ва масъалаҳо аз биология»-ро ба нашр расонидаанд.

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj