• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Масъулони фардои кишварем

Баъди рӯзҳои тира дар диёри мо дубо­ра субҳи умед дамид. Офтоби сулҳу ваҳдат ва дӯстӣ шуъла­афшон шуд. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ин сулҳу салоҳ, оро­мию осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Ин диёри камзамини мо барои хурду калон чун гаҳвараки чашм муқаддас аст, зеро ҳар яки мо дар ин хоки зархез ба камол расидаем. Ҳамчун гавҳараки чашм бояд ин Ватанро пуштибон бошем, ба қадри он бояд бирасем, зеро гузаштагони мо бо азобу ранҷҳои зиёд ин давлату фарҳангро ба мо ёдгор гузоштаанд.

Устод Лоиқ Шералӣ гуфтааст:

Дар миёни кӯҳсорон сахтҷонам зодаанд,

Дар раҳи кӯҳсор баҳри имтиҳонам зодаанд.

Волидайни бенишонам чун нишонам зодаанд,

Дар диёри камзамине бекаронам зодаанд?

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз мо, ятимони кул, ҳама вақт дасгирии худро дареғ намедоранд ва раёсати донишгоҳамон низ нисбат ба мо ғамхоранд. Шароитҳои беҳтарин дар донишгоҳ барои мо фароҳам оварда шудааст. Мо дар ҷавоб кӯшиш мекунем, ки ин даргоҳро бо муваффақият хатм намуда, ба халқу ватани худ содиқона хизмат намоем.

Мо, ҷавонони соҳибистиқлол, қувваи пешбарандаи ҷомеа мебошем. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба тарбияи ҷавонон як зумра қонуну санадҳо қабул кардааст, ки барои фаъолияти озодонаи онҳо шароити васеъ фароҳам меорад. Мо дар замоне қарор дорем, ки раванди ҷаҳонишавӣ таҳдидҳои зиёд дорад. Аз ин рӯ, ба­рои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2011 –2013” қабул намуд.

Сарзамин ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир намеку­над, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст. Имрӯз қисми зиёди ҷавонон моҳияти Ватан ва ватандӯстиро хуб дарк кардаанд. Дар баробари ин, як зумра мушкилоте мавҷуд аст, ки бартараф кардани онҳо зарур мебошад. Ин майли баъзе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона мебошад. Афсӯс мехӯрам, ки дар чунин як сарзамини биҳиштӣ, чанде аз ҷавонон роҳгум мезананд ва ба падару модари худ,  ба Ватан носипосӣ мекунанд.

Мо бояд аз худшиносии миллӣ ва аз таърих огоҳ бошем. Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон-Тоҷикистон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор до­рад, тақвияти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, хеле муҳим мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии ҷавононро яке аз рукнҳои аввалиндараҷаи сиёсати Ҳукумат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуморида, ҳамеша таъкид медоранд, ки “Ҷавонон неруи фаъолу боғайрат, қувваи созандаи ҷомеаи моро ташкил медиҳанд. Онҳоро хуб тарбия кар­дан ва ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кардан вазифаи муқаддаси ҳамаи аъзои ҷомеа аст. Зеро ҷавонон ободгарони Ватан, соҳибони ояндаи Тоҷикистони мустақилу демократӣ ва такягоҳи боэътимоди давлати соҳибистиқлол мебошанд”. Вазифа ва масъулияти мо, ҷавонон, дар роҳи расидан ба ормони миллӣ сол аз сол зиёд шуда истодааст. Мо бояд хуб донем ва масъул бошем, ки оян­даи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобаста аст. Мо, ҷавонони даврони Истиқлолият, иф­тихор мекунем, ки чунин давлати соҳибистиқлол ва Пешвои дилсӯзу ғамхор дорем ва дар тӯли 25 соли Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кулли соҳаҳо ба пешрафти азим ноил гардидем, хонаамон, зиндагиа­мон обод шуд...

Шарифҷон Сайфҳусейнов, факултаи технология ва иқтисодиёт

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj